Маскав: Анқара бояд кафолат диҳад, ки чунин ҳодиса дар оянда рух намедиҳад
Душанбе, 17.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Мақомҳои давлати Анқара бо пардохти ҷуброн ба Маскав ба хотири сарнагун кардани бомбаафкани русӣ мухолифат кардаанд.
Балиҷик Тонҷў, сухангўйи Вазорати хориҷии Туркия, рӯзи чоршанбе гуфт: «мавқеи мо дар баробари Русия мушаххас аст ва аз ин рӯ, баровардани ин хостаи Маскав ғайримумкин аст».
Балиҷик дар ҳоле ин изҳоротро матраҳ кард ки Алексей Мошков, муовини вазири хориҷии Русия рӯзи чоршанбе гуфта буд, Туркия бояд ба хотири сарнагун кардани ҳавопаймои низомии Русия товон бипардозад.
Мошков ҳамчунин афзуд: «Анқара бояд кафолат диҳад, ки чунин ҳодиса дар оянда рух намедиҳад».
Сухангўи Вазорати хориҷии Туркия ҳамчунин дар вокуниш ба ин суханон гуфт: «Русия бояд паймон диҳад, ки бори дигар ҳарими ҳавоии Туркияро нақз намекунад».








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






