Мавқеи Эмомалӣ Раҳмон дар баррасии мушкилоти тағйирёбии иқлими сайёра
Душанбе, 14.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш Созишномаи ҷаҳонӣ, ки бояд ҷойи Протоколи Киоторо гирад, дар Конфронси умумиҷаҳонии СММ оид ба иқлим дар Париж ба тасвиб расид. Ҳуҷҷати мазкурро 195 ҳайат аз тамоми ҷаҳон ҷонибдорӣ намуданд. Ҳадафи асосии созишнома ноил шудан ба коҳишдиҳии партовҳои газ ва ба ин васила дар ҳудуди 1,5 — 2 дараҷаи Селсия нисбат ба ҳарорати давраи пешазсаноатӣ нигоҳ доштани гармии ҷаҳонист. «Агар ин кор иҷро нашавад, сайёра сол аз сол ҳар чӣ бештар дучори катаклизм (тағйироти харобиовар) мегардад», — мегӯянд олимон.
Зикр кардан бамаврид аст, ки суханронии Эмомалӣ Раҳмон-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ дар бораи тағйири иқлим бори дигар нақш ва мақоми устувори байналмилалии Тоҷикистонро бозгў менамояд. Масъалаи дар ин конфронс матраҳгашта, он мушкилоте мебошад, ки чандин сол қабл аз ҷониби Тоҷикистон ва хосса, аз ҷониби Сарвари давлат аз тариқи минбарҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ таъкид мегашт. Махсусан дар охирҳои солҳои 90-уми асри гузашта, проблемаи экологӣ ва тағирёбии иқлимро, ки боиси мушкилот дар соҳаи об мегашт, Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, чун тасмимот дар роҳи ҳалли бўҳронҳои таҳдидкунанда пешниҳод карда буд. Инак дар миёни 195 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон тавонист, ки бо хулосаҳову пешниҳодоти фарогир дар мавриди ин мушкилоти ҷаҳонӣ мавқеи хоси худро устувор гардонад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиши байналмилалӣ муҳимтарин паҳлўҳои хатарҳои ҷаҳонии экологиро дар ҳамбастагӣ ба мавқеъ ва манфиати халқу миллатҳо баён кард. Лозим ба таъкид аст, ки Роҳбари давлати мо яке аз аввалинҳо шуда, дар ин конфронс нутқи пурмуҳтавои худро ироа намуд.
Нуқтаи муҳими аввал дар ин маърўза он буд, ки Тоҷикистон дар иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди ҷомеаи башарӣ масъулияти баланд эҳсос менамояд. Аз ҷумла, дар доираи Гурўҳи кории Дурбан ҳамкории дахлдорро ба анҷом расонидан гувоҳи он аст, ки кишвари моро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф менамоянд ва эътимодашон ба пешниҳодоти кишвари мо торафт бештар мешавад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбару пешвои халқу миллати тоҷик бо ҷуръати хос манфиату ояндаи кишварашро пуштибонӣ намуд ва ҳамзамон аз ифшои самти стратегии давлати худ низ канорагирӣ накард: «…рушди соҳаи гидроэнергетика аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад». Тавре ки мебинем, ин баён то андозае оҳанги хитобро соҳиб аст ва ин маънои онро дорад, ки Тоҷикистон дар роҳи истиқлолияти энергетикӣ, новобаста аз монеасозиҳо тасмими ҷиддии худро аз даст намедиҳад.
Мусаллам аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳимояи манфиатҳои Тоҷикистон мавқеи устувор дорад. Дар ин замина ӯ, аз ҷумла, ошкоро зикр намуд, ки кишварҳои бузурги саноатӣ бо ҳаҷми бузурги партови газҳои гулхонаӣ барои кишварҳои алоҳида, аз ҷумла Тоҷикистон ҳолатҳои осебпазирро ба вуҷуд оварда истодаанд. Хеле кам ба назар мерасад, ки роҳбарони кишварҳои осебпазир инчунин боҷуръатона аз ин ҳолати таҳдидкунанда аз минбарҳои баланд садо баланд намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон дафъатан иброз дошт, ки Тоҷикистон манбаи асосии ташаккули захираҳои оби Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, ки ин гувоҳи бетафовут набудани кишвари мо нисбат ба хатарҳои ҷаҳонии экологӣ мебошад. Ишора намудани он ки 60 фоизи обҳои минтақа аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд, мантиқи амиқеро дар худ нигоҳ медорад. Дар ҳудуди Тоҷикистон аз 14 ҳазор пиряхҳо нест гаштани 1000 пирях танҳо дар давоми 30 соли охир далели он аст, ки минтақаи Осиёи Марказиро дар даҳсолаҳои оянда хатарҳову мушкилоти экологии шадид гиребонгир мешаванд. Ин ишора, пеш аз ҳама, ба муқобили онҳое нигаронида мешавад, ки дар роҳи истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон монеа бунёд кардан мехоҳанд. Онҳо гўё андеша кардан намехоҳанд, ки Тоҷикистон ҳам дар ихтиёри худ барои фишорҳои оянда фишангҳо дорад, зеро кишвари мо дорои захираҳои бузурги обҳои ошомиданӣ мебошад ва кишварҳои алоҳидаи шарқӣ ва африкоӣ ба он таваҷҷуҳи махсус доранд. Албатта, фикри боло таҳдид нест ҳақиқати маълум он аст, ки Тоҷикистон ҳама проблемаҳоро бо сиёсати ҳамгироёна ҳал кардан мехоҳад. Таъкиди Сарвари давлатамон бештар он мазмунро фаро мегирад, ки ба ҷои якҷонибаву ғайришаффоф баҳо додан ба мушкилоти Тоҷикистон бояд масъаларо аз нигоҳи илмиву ояндабинӣ омўзанд. Ин ишора ҳушдордиҳанда аст ва мерасад он рўз, ки ҷомеаи башарӣ аз рўи нишондоду пешгўии кишвари мо хулоса барорад.
Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилҳои худ ҳамовозии Тоҷикистонро нисбат ба ҷараёни тарҳҳо ва равандҳои фарогири масъала баён карда, масъалаи гидроэнергетикаро бо бартариятҳои зиёду манфиатҳои фарогираш зикр намуд. Дар ҳақиқат имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк кардааст, ки танҳо тавассути гидроэнергетика метавон эҳтиёҷоти ояндаи аҳли башарро таъмин кард ва аз хатарҳои экологӣ раҳоӣ ёфт, зеро барқи аз ҷараёни об ҳосилшаванда беминнат, арзон ва аз ҳама муҳим, аз нигоҳи экологӣ безарар аст. Маълум аст, ки ҷомеаи башарӣ бо дарки хатарҳо ва омилҳову пайомадҳои манфӣ хоҳу нохоҳ дар ояндаҳои наздик барои эҳтиёҷоти энергетикӣ аз истифодаи ангишт, нафт ва атом даст хоҳад кашид. Ба таври мисол, воқеоти Фукусимои Япония боис гашт, ки дар Аврупову Амрико барин минтақаҳои пешрафта, аз даҳҳо лоиҳаҳо дар бобати бунёди неругоҳҳои атомӣ даст кашанд. Бо ин асос Роҳбари давлати мо иброз дошт, ки рушди гидроэнергетика манфиати умумии сокинони минтақаҳо ва сайёра мебошад. Гуфтаҳо ва ҳар як суханронии ин шахс дар сатҳҳои баланди байналмилалӣ садоқату муносибати якмароми ўро нисбат ба сиёсати пешгирифтааш бозгў менамоянд. Чунончи, барои тамоми мамолики ҷаҳон маълум гаштааст, ки Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтааст ва муносибати ҳамгироёнаи худро устуворона пеш мебарад. Равобиту ҳамкориву уҳдадориҳояшро бо тамоми созмонҳову ташкилоти байналмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳон ба таври судманд роҳандозӣ намудааст ва ин иқдомҳо беш аз пеш вусъати тоза пайдо мекунанд. Роҳбари давлатамон бо дипломатияи баланд манфиати кишвари худ ва ҳамсояҳоро яксон баён менамояд. Манфиат ва таваҷҷуҳи ҳамсояҳои наздикро дар минтақаи Осиёи Марказӣ нодида намегирад. Дар ин нутқи худ дар шаҳри Париж ҳатто як ҳарфи манфӣ дар муқобили сарсахттарин ҳарифони кишварамон дар самти рушди гидроэнергетика баён накард. Ин дар ҳолест, ки онҳо бо ҳар роҳу восита аз минбарҳои баланди созмону ташкилоти байналмилалӣ иброз медоранд, ки гўё гидроэнергетика барои минтақаи Осиёи Марказӣ хатари экологӣ ба шумор меравад. Аммо хеле хушоянд аст, ки башарият бо гузашти айём мутобиқ ва мувофиқ будани ин навъи энергияро ба шароити экологӣ эътироф карда истодааст. Далели ин чанде пеш баҳои мусбати комиссияи бонуфузи Бонки ҷаҳонӣ нисбат ба тарҳи НОБ-и Роғун буд.
Манфиат ва эҳтиёҷоти умумиро ба назар гирифта, Эмомалӣ Раҳмон эълони Даҳсолаи 2016-2025-ро бо номи «Об барои рушди усутувор» пешниҳод намуд. Ҳамзамон Тоҷикистон як даҳсола пештар Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) -ро чун як тарҳи наҷот ва пешгирӣ аз ҳолатҳои ногувору даҳшатбор эълон карда буд. Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки аксари кишварҳои ҷаҳон оқилона будани ин пешниҳодро ҷонибдорӣ карданд. Ба қадру дарки моҳияти ин пешниҳод бо гузашти фосилаҳои вақт расиданд. Натиҷабахш будани он боис гашт, ки инсоният аз ин баъд обро чун неъмати бебаҳо барои рушди устувор қабул намояд. Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон чун ташаббускор ироа намуд ва мо хоҳем дид, ки баъди чанд соле чӣ гуна ҷомеаи башарӣ мантиқи ин пешниҳодро дарк намуда, ба таври густурда обро чун омили аслии суботи ҳаёт истифода хоҳад бурд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ошкоро иброз дошт, ки ҷонибдори қабули санаде мебошад, ки барои коҳиши партови газҳои гулхонаӣ дар миёни кишварҳо қабул мешавад. Дар ин роҳ ў ҳамгироӣ ва идомаи муколамаи ҷонибҳои манфиатдорро шарти аввалин ҳисобида, тадбирҳои имрўзаро заминаи аслии пешрафти ҳаёти аҳли башар баҳогузорӣ намуд. Чун сиёсатмадори оқилу ботаҷриба Эмомалӣ Раҳмон вазъи ташвишовари ҳавзаи баҳри Аралро чунин иброз намуд: «Боздоштани таназзули минбаъдаи муҳити зист дар ҳавзаи баҳри Арал, аз ҷумла ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об ва заминҳои кишт, таъмини устувории муҳити зист амалӣ намудани чораҳои таъхирнопазирро талаб менамояд». Ин таъкиди Роҳбари давлат дар ҳоле иброз дошта мешавад, ки феълан ду обанбори бузурги Осиёи Марказӣ — Қамбаротаи Қирғизистон ва Роғуни Тоҷикистон бунёд нагаштаанд, ки баҳонаву эроди аслии баъзе аз кишварҳои поёноб мебошад. Яъне, мантиқ он аст, ки проблемаҳои баҳри Арал танҳо мушкилоти оянда набуда, балки он соҳиби заминаҳои таърихӣ аст ва дер боз ин қазия алакай гунаҳкорони худро дорад. Маълум гаштааст, ки аллакай солҳои ҳаштодуми асри гузашта, бо иллати васеъ кардани майдони пахтазор баҳри Арал хушк гардид. Ин таъкиди Роҳбари давлатамон далели он аст, ки масъалаи пешорўро амиқан омўхтааст ва боз ҳам тавре дар боло ишора намудем, устувории мавқеи ў ҳамеша бо назардошти манфиати ҳамсояҳо сурат мегирад. Ин бозгўи сиёсати ҳамгироёнаи Тоҷикистон мебошад, ки тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро ба созишу ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамояд.
Дар ҳошияи гуфтаҳои боло метавон иброз дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як сиёсатмадори сатҳи байналхалқӣ камол ёфтааст. Ҳар як сафари ў дар сатҳи байналхалқӣ, махсусан дар доираҳои Ғарб ба мо чунин хулоса мебахшад, ки сиёсатмадорону роҳбарони ташкилоту созмонҳо ин абармардро чун шахси хайрхоҳу созанда мешиносанду эътироф мекунанд. Чунин бардоштро мо аз мулоқоти ба наздикӣ анҷомдодаи ў бо роҳбарони баландпояи Иттиҳоди Аврупо, ба монанди Доналд Туск ва Жан Клод Юнкер ҳосил карда метавонем. Доираҳои бонуфузи ғарбӣ Эмомалӣ Рахмонро чун як пули иртиботии созгор барои суботи Афғонистон мешиносанд, зеро Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи он сиёсатмадоронест, ки қариб дар ҳар як нишасти сиёсии сатҳи баланд ҳалли бўҳрони ҳамсоякишвари мо Афғонистонро чун манфиати аҳли башар тақозо менамояд. Аз ҷумла, рушди соҳаи гидроэнергетика дар Тоҷикистон ҳамзамон манфиату суботи иқтисодии Афғонистон ва қисмате аз минтақаҳои Покистону дигар кишварҳо ба ҳисоб меравад. Ин талошҳои ўро ба назар гирифта, чанде қабл сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон чунин гуфт: «… Танҳо пешвоёни миллии нодир ва дурандеш, мисли Президенти Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон метавонанд чунин фазои неку созандаро аз миёни марзҳо, ба василаи талошҳои самимиву содиқона, ки барои манфиати ҳамаи инсоният равона шудаанд, фароҳам оварда, дар минтақа паҳн кунанд. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат марди нодир аст». Ин тавсифро нафари баландмақоме мегўяд, ки кишвараш зиёда аз 150 миллион аҳолӣ дорад ва соҳиби силоҳи атомӣ мебошад. Кишваре ки онро бо мо Эмомалӣ Раҳмон қарин сохта тавонист. Дар сафари қарибулвуқӯи худ ба Аврупо Роҳбари давлат чандин мулоқотҳо бо шахсиятҳои бузурги олами сармоя анҷом дод. Яъне, ў дар фикри халқи худ мебошад ва чун сарвари як оила ташвиши ояндаи фарзандонаш ўро ором гузошта наметавонад. Роҳ меҷўяд, шароити мусоид фароҳам меоварад, бунёд мекунад. Аз мавқеъ ва манфиатҳои ватану давлати худ нотарсонаву мардонавор пуштибонӣ менамояд. Мо танҳо шароити имрўзаро ва чанд сафари қарибулвуқўи ўро асос намедонем. Нимаи аввали солҳои навадум ў сина сипар намуда, ба нуқтаҳои гарму оташи ҷангдошта сафар мекард. Тоҷикро аз ғурбат ба хонааш меовард ва сулҳ барпо мекард. Давлатро, миллатро, халқро наҷот додан мехост. Бо он ки дили соф дошт, Худованд муваффақаш гардонид.
Андешаҳои Нуриддин Саид — Вазири маориф ва илми кишвар қобили таваҷҷуҳ аст, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар радифи бузургтарин сиёсатмадорони асри гузаштаи ҷаҳон қарор медиҳад. Ў аз ин ҳам баландтар аст. Ў пешво аст. Ў доҳии як халқу миллатест, ки Худованд ба ин маснаду мақоми пурмасъулият сазовораш донистааст. Ў ба ивази ҷон дар рўзҳое масъулияти баландро ба уҳда гирифт, ки дигарон аз ин маснад мегурехтанд. Хеле зиёд ба назар мерасад, ки сиёсатмадорони алоҳида бо иллати камтаҷрибагӣ, ноустуворӣ ва сабукройии худ мардуму кишварашонро партофта, зиндагиву манфиати шахсиро авло донистаанд. Аммо ў фардест, ки муҷиби саодати як халқ гаштааст ва боз ҳам мегардад. Ў дар муқобили ҳама гуна маҷроҳо шино кардааст. Ў аз таҳдидеву хатаре наҳаросидааст. Ин сифатҳои мардонагии ў боис гашт, ки имрўз тоҷик давлат дорад, марзу бум дорад, хонаву дари обод ва аз ҳама муҳим, фазои сулҳу ором дорад. Барҳақ ў пешво аст. Дар иловаи андешаҳои аксар зиёиёну равшанфикрони тоҷик мо низ иброз медорем, ки ў пешвои воқеӣ аст. Ў пешвоест, ки мардонавору хоксоронаву оқилона гуфта буд ва имрўз ҳам мегўяд: «Давлатсозӣ кори осон нест». Аммо ў тавонист, ки давлат созад. Ин андешаро на танҳо мо, балки бегонагон низ эътироф намудаанд ва менамоянд. Бошад, ки нақшаҳои бунёдкоронаи минбаъдаи ў низ дар роҳи сохтани як давлати боз ҳам устувор татбиқи бештар касб кунанд. Чун пешво танҳо ў ҳамроҳи мардуми азизи мо метавонад, ки дар чунин шароити ҳассос чунин рисолати бузургеро ба дўш гирад. Ў дар баробари фарзанд ҳамзамон Пешвои ин миллат аст. Ва ин миллат ба ин Пешво бовар дорад.
Фахриддин Ҳайдаров,-декани факултети журналистикаи ДМТ
Бахтиёр Қутбиддинов-дотсенти кафедраи журналистикаи байналхалқӣ