Муҳаммад Алӣ: дар ислом чизе нест, ки ба қатли одамони бегуноҳ дар Париж ё Сан Бернардиниё ва ё ҷои дигар даъват карда бошад
Душанбе, 10.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Қаҳрамони ҷаҳонӣ оид ба бокс Муҳаммад Алӣ Клой изҳороти номзад ба президенти Амрико Доналд Тромпро дар хусуси манъи вуруди мусалмонон ба Амрико маҳкум намуд.
Вай таъкид намуд, ки дар ислом чизе нест, ки ба қатли одамони бегуноҳ дар Париж ё Сан Бернардиниё ва ё ҷои дигар дар саросари дунё даъват карда бошад.
Муҳаммад Алӣ меафзояд, ки мусалмонон медонанд хушунат бар зидди аркони исломи ҳақиқӣ аст. Ў аз мусалмонон даъват намуд, ки исломро барои ҳадафҳои шахсии худ истифода набаранд.
Муҳаммад Алӣ, ки аз соли 1981 аз риштаи варзиш канораҷўӣ кардааст мегўяд, роҳбарони сиёсии Амрико бояд мансабҳояшонро дар саҳмгузорӣ барои расидан ба фаҳми дурусти ислом истифода баранд ва тавзеҳ намоянд, ки он гумроҳони қотил дарки саҳеҳи исломро ба мардум нафаҳмонидаанд.
Мавриди зикр аст, ки Доналд Тромп рўзи душанбе дар як изҳороти худ даъват намуд, ки вуруди мусалмонон ба Амрико комилан манъ карда шавад, ки ба интиқоди шадиди созмонҳои дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла Кохи Сафед, Созмони ИССЕСКО, Созмони исломии тарбия, илм ва фарҳанги Амрико мувоҷеҳ гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






