Муҷибулло Маликзода: Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон давои Тоҷикистон аст!

Декабрь 24, 2015 10:42

    Душанбе, 24.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ман  чунин як хосият дорам, агар ба хурдтарин ҷой ҳам   биравам,  аввал каме мехонам дар бораи ҳамон минтақа, дар бораи шахсони  ҳамон минтақаи рафтаам. Дар бораи Тоҷикистон, ин кишвари ҳамсояву дӯст низ ҳамчунин бисёр хондааму бисёр медонам. Вале агар дар бораи шахсиятҳо бошад, ҳаминро мегӯям, ки аз Ҷаноби Раисҷумҳур хотироти хубе дорам, ки агар соатҳо ҳарф занам кам аст.    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «давои» Тоҷикистон аст. Ҳаминро  бояд бигӯям, ки  ман ба бародарони тоҷик  гуфтам, ки Шумо ҳамин амнияту оромиро ғанимат донед, боз ҳам муттаҳид бошед. Ба хотири он, ки  сарнавишти Ироқу Сурия имрӯз барои аҳли сайёра дарси ибрат аст, зеро муттаҳиду сарҷамъ набудану ба равияву гурӯҳҳо ҷудо шудан онҳоро ба чунин ҳолати сангин овардааст.  Дар  ҳеҷ ҷои дунё  касе  намедонад ва ҳам наметавонад, ки чӣ гуна он ҳама бадбахтиро аз  рӯзгори онҳо бартараф созад. На Созмони Милали Муттаҳид, на ҷомеаи байналхалқӣ ва на худашон наметавонанд, ки осудагиву оромии дубораро баргардонанд. Ба  ин мазмун мо як зарбулмасал дорем, ки  мегӯянд:
 Як сар сад сарро ҷамъ мекунад,  сад сар  як сарро не…»,-гуфт намояндаи бахши тиҷорати Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон Муҷибулло Маликзода. 
  -Ҷаноби  Олӣ,  Раисҷумҳури Шумо Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раҳбар аз назари  ман  як шахсияти  бисёр нек аст барои мардуми Тоҷикистон,  чаро, ки тавонист ин миллатро  сарҷамъ кунад, тинҷию оромиро дар ин кишвар ба пуррагӣ таъмин намояд.  Дар  ҳолати феълӣ  бубинед, ки дар чор тарафи минтақа оташ аст ва дар ин гуна вазъият ҳифзу нигаҳдошти сулҳу оромӣ кори саҳлу осон нест. Дар ин ҷо боз ҳам саҳми роҳбари кишвар хеле чашмрас намоён мегардад.  Як назари дигарам ин аст, ки  шаҳрвандони Тоҷикистон мардуми бофарҳангу маданият ва тамаддунофару сулҳофаранд. Худашон  хубу бадро бештар мефаҳманд ва медонанд, ки чӣ бад  ҳасту чӣ чизи дигар ба некиямон   аст.  Онҳо метавонанд, ки бо як ҳамапурсӣ  худашон  дар кулли Тоҷикистон, бо як ҳамдилию  иттиҳод Ҷаноби Олиро ҷонибдорӣ намоянд, ки ин ниҳоят хуб аст. Мо  ҳамеша бо мардуми Тоҷикистон ҳамназар будем. Давлати  Афғонистон, мардуми Афғонистон кишвари дӯст, бародар кишваре буда, ки  ҳеҷ вақт мо  дар   самти равобит мушкилӣ надоштем ва  орзу мекунем, ки дар оянда ҳам мушкил надошта бошем.  Ҳамеша  дӯсту бародар бимонем, ки аз ин мо хеле ҳам хушҳол ҳастем. Таманно мекунем  оромию   осоиш ҳамвораву доимӣ бо мардуму миллати Тоҷикистон бошад, зеро  дар чунин ҳолат миллату мардуми Афғонистон ҳам  дар осоишу оромӣ зиндагӣ мекунанд.  Ин орзуи ман барои ҳама мардуми Афғонистон мебошад!!!»,-гуфт дар идомаи суҳбаташ М. Маликзода.

 

Декабрь 24, 2015 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад