Муҳоҷират: Бо корхонаҳои Санкт — Петербург созишнома баста хоҳад шуд
Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар) — Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Тоҳир ва директори Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷират Тошев Суҳроб барои иштирок дар Конфронси байниминтақавӣ дар шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Русия, ки таҳти унвони «Навоварии муносиб дар фаъолияти Хадамоти шуғли аҳолӣ» доир мегардад, дар сафари корӣ қарор доранд.
Намояндагии Хадамот 14 декабри соли равон бо раиси Кумитаи оид ба меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт — Петербург Дмитрий Чернейко вохӯрӣ намуда, дар мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҷалби муташаккилона, фаъолияти қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия дигар масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои Санкт — Петербург мубодилаи афкор намуданд.
Дмитрий Чернейко гуфт, ки аксари корфармоёни муассисаҳои Санкт — Петербург нисбат ба фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назари хуб дошта, барои ҷалби фаъолияти расмии онҳо таваҷҷуҳи хосса доранд.
Бо ин мақсад барои соли 2016 байни Муассисаи давлатии мухтори «Маркази захираҳои меҳнатӣ»-и Санкт — Петербург ва «Маркази машваратӣ ва омодасозии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»-и Хадамоти муҳоҷират оид ба ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корхонаҳои Санкт — Петербург созишнома баста хоҳад шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






