Муҳокимаи худкушӣ ва роҳҳои пешгирии он дар Зафаробод

Декабрь 9, 2015 04:58

Душанбье, 9.12.2015. (АМИТ «Ховар). — «Ҳолати истифодаи замин дар соли 2014 ва 10 моҳи соли 2015 оид ба истифодаи қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ аз тарафи шаҳрвандон» ва «Ҳодисаҳои худкушӣ дар соли 2015 ва роҳҳои пешгирии он» дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳти раёсати прокурори ноҳия Абдураҳмонзода Мирзошоҳ Сафаралӣ дар ноҳияи Зафаробод мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Оид ба масъалаи якум ёрдамчии калони прокурори ноҳия Фурқат Абдуқаюмзода ва вобаста ба масъалаи дуюм муфаттиши прокуратура Исмоил  Усмонзода сухан гуфта, аз рӯи масъалаҳои мазкур шахсони масъул фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.
Мутасаддиён бори дигар вазифадор гардиданд, ки оид ба истифодаи оқилонаи замин, аз гардиши кишоварзӣ берун намондани он, истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз ҷумла   худкушӣ тадбирҳои муассир андешанд.

 

 

Декабрь 9, 2015 04:58

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид