Муҳокимаи масъалаи ҷамъ овардани қӯшунҳои Туркия дар сарҳади Ироқ дар Шӯрои амнияти СММ

Декабрь 8, 2015 04:56

Душанбе, 08.12.15. (АМИТ «Ховар»).  Имрӯз, 8  декабр, Русия  дар  машварати пӯшидаи Шӯрои  амнияти   СММ масъалаи  бе ризоияти  Бағдод  дар  шимоли  Ироқ ҷамъ  оварда шудани қувваҳои  ҳарбии  Туркияро  ба  миён  мегузорад.  Дар  баробари  ин,   тавре  ки манбаи  дипломатии СММ  ба ТАСС  хабар  дод, маълумот  дар  бораи  доир  намудани ин ҷаласаи   алоҳидаи  Шӯрои  амният ҳақиқат  надорад. 
«Ин тавр  нест. Масъала  дар машварати  пӯшида дар  фасли  масоили  дигар ба  миён  гузошта  мешавад», — гуфт  дипломат. Мавсуф  изҳор  дошт, ки  аз  рӯи  натиҷаи  машваратҳо   ягон қароре қабул  намешавад. Алҳол дар  намояндагии  доимии  Русия  дар СММ аз   шарҳу  мулоҳизаи  расмӣ  дар  мавриди  ин  масъала  худдорӣ  карданд. 
Аз ин  пеш,  4  декабр  гурӯҳи   низомиёни  Туркия  иборат  аз  қариб  130  хидматчии  ҳарбӣ  ва  танку  тупҳо гуё бо  мақсади  расонидани  ёрӣ  ба  дастаҳои «Пешмарга» — и ихтиёриёни  курд, ки зидди ҷангиёни ДИ ҳарбу  зарб  менамоянд,   вориди  қаламрави  Курдистони  Ироқ гардида буд.
Роҳбарияти  Ироқ ин  амали  ҳарбиёни  Туркияро «кирдори душманона» маънидод  кард, зеро он  бидуни  мувофиқа бо  Бағдод  сурат  гирифта буд.

 

Декабрь 8, 2015 04:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид