Муқовимат ба коррупсия дар доираи Стратегияи нави давлатӣ идома дода мешавад
Душанбе, 14.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз иродаи олии сиёсии роҳбарияти давлат сарчашма мегирад. Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти давлатиро барои ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароити ба омилҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳою ҷиноятҳои коррупсионӣ, таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти кишварро дар бар мегирад.
Тавре ки аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттиллоъ доданд, пешгирии коррупсия аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти агентӣ маҳсуб шуда, дар доираи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» пеш бурда мешавад.
Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади андешидани тадбирҳои маҷмӯии ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бар зидди коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ҳанӯз 26-уми январи соли 2008 Ҳукумати мамлакат «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012»-ро таҳия ва қабул кард. Стратегияи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати муҳими давлатӣ барои тақвияти мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ заминаи мустаҳкам гузошта, дар доираи он аксари масъалаҳо дар самти мубориза ба коррупсия бо назардошти хулосаи тадқиқоти сотсиалогӣ, таҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои дигар ва таҳлили омории вазъи коррупсия тайи солҳои 2008-2012 ҳалли худро ёфтанд.
«Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013-2020» бо назардошти ба анҷом расидани муҳлати татбиқи стратегияи пешин ва зарурати идомаи фаъолият дар самти мубориза бо коррупсия қабул шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






