Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ хонум Федерика Могеринӣ
Душанбе, 1.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар доираи сафари кории худ дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ хонум Федерика Могеринӣ мулоқот кард.
Дар ҷараёни вохӯри масоили рушду густариши муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.
“Тоҷикистон хоҳони ҳамкории пойдору дарозмуддат ва мутақобилан судманд бо Иттиҳоди Аврупо мебошад»-изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон .
Ҷонибҳо фаъолияти босамари механизмҳои муҳими Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Шӯро, Кумитаи ҳамкорӣ, Кумитаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва Муколама байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсонро барои густариши муносибатҳо амри зарурӣ шумурданд.
Аз фаъолияти муассири Муколамаи сатҳи баланди Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказӣ оид ба амният, мубориза бо терроризм, ифротгароии динӣ, радикализм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду чолишҳои муосир изҳори қаноат карда шуд.
Дар суҳбат инчунин доир ба имкони ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, энергетика, равандҳои демократикунонии ҷомеа, таъмини амнияти минтақа, вазъи Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои ҳамкорӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






