Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Юе Бин
Душанбе, 16.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 15 декабри соли 2015 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Юе Бин баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегӣ баҳои баланд дода шуд. Инчунин роҷеъ ба доираи васеи ҳамкоригуногунҷанба байни Тоҷикистон ва Чин, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, кишоварзӣ, фарҳангу маориф, саноат ва технологияҳои нав табодули назар сурат гирифт.
Ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда барои таъсиси камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим ва таъмини суботи минтақавӣ ва мубориза бо чолишҳои муосири амниятӣ баррасӣ шуданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






