Мулоқоти раиси ноҳияи Мастчоҳ бо донишҷӯён

Декабрь 21, 2015 07:17

Хуҷанд, 21.12.2015.  (АМИТ «Ховар»). — Дар театри мазҳака- мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандии вилояти Суғд мулоқоти раиси ноҳияи Мастчоҳ ва ноҳияи Ҷаббор Расулов бо донишҷуён баргузор гардид. Зимни мулоқоти хеш раиси ноҳияи Мастчоҳ  Ғайрат Азиззода бо донишҷӯён аз ғамхориҳои Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон ёдоварӣ намуда, изҳор дошт, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлоли шароити таълиму таҳсил дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ боло бардошта шуда, дар маҷмӯъ ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи бештар равона шудааст. Ҷавонон дар ҷавоб ба чунин ғамхорӣ бояд донишҳои заруриро аз бар намуда, дар оянда мутахассиси хуб ба воя расанд ва ба халқу миллати худ хидмати арзанда намоянд. 
Ҳадаф аз роҳандозӣ намудани мулоқоти раисони шаҳру навоҳӣ бо донишҷӯён- ин пеш аз ҳама, расидагӣ ба мушкилот ва ҳалли масъалаҳои донишҷуён мебошад. Ҳоло беш аз 1200  донишҷӯ аз ноҳияи Мастчоҳ дар  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии маркази вилояти Суғд машғули донишандӯзӣ мебошанд.

Декабрь 21, 2015 07:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд