Мулоқоти Сироҷидин Аслов бо Муҳаммад ас-Сувайдӣ
Душанбе, 21.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар доираи сафари расмии худ ба Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб 19 декабр бо директор генералии Фонди Абӯ Забӣ оид ба рушд Муҳаммад ас-Сувайдӣ мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва муассисаҳои молиявии арабӣ, аз ҷумла Фонди Абӯ Забӣ оид ба рушд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бо изҳори қаноатмандӣ аз робитаҳои неки сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҷонибҳо таъкид намуданд, ки барои роҳандозии ҳамкории муассир дар татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ дар бахҳшои энергетика, саноат ва кишоварзӣ иқдомоти лозима анҷом хоҳанд дод.
Ҷонибҳо инчунин масъалаҳо роҷеъ ба мусоидати Фонди Абӯ Забӣ оид ба рушд дар бартарафсозии пайомадҳои нохуши заминларзаи рӯзи 7 декабри соли ҷорӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






