Мулоқоти Сироҷидин Аслов бо Шайх Мансур ибни Зойид Оли Наҳён
Душанбе, 21.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 20 декабри соли 2015 дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини Сарвазир, вазири умури президентии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Мансур ибни Зойид Оли Наҳён мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили васеи ҳамкорӣ байни ду кишвар табодули назар карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба муносибатҳои дуҷониба бо Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб авлавият медиҳад ва ҳавасманди рушди ҳамкории гуногунсоҳаи мутақобилан судманд бо ин кишвар мебошад.
Ҷонибҳо инчунин зарурати ба роҳ мондани тамосу мулоқоти мунтазами сатҳи олиро таъкид намуда, масъалаи сафарҳои мутақобилаи роҳбарони ду кишварро баррасӣ карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






