Мулоқоти вазири маориф ва илм бо сафири Ҳиндустон

Декабрь 23, 2015 04:10

Душанбе, 23.12.2015. (АМИТ “Ховар”).-  21 декабр  вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бираҷа Прасад доир гардид. 
Тавре ки аз Вазорати маориф ва илм хабар доданд, зимни нишаст зикр гардид, ки ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм бо Ҷумҳурии Ҳиндустон дар доираи лоиҳаи «Барномаи табодул байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф аз  соли 2012» ва Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба татбиқи лоиҳаи «Озмоишгоҳи муосири техникии Ҳиндустон-Тоҷикистон»  аз  соли 2010  ба  роҳ монда шудааст.
Дар асоси Барномаи омӯзишии ҳамкории техникиву иқтисодии Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба мубодила дар соҳаи маориф (ITEC) ҳамасола барои омӯзиши забони англисӣ ва дигар ихтисосҳои техникиву иқтисодӣ барои муҳаққиқон, аспирантҳо, коромӯзон ва омӯзгорон бурсияи таҳсилӣ ҷудо мегардад.
Нуриддин Саид иброз дошт, ки ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 140 шаҳрванди Ҷумҳурии Ҳиндустон таҳсил менамояд.  Барои таъмини муассисаҳои шакли нав бо омӯзгорони донандаи забони англисӣ аз фанҳои дақиқ  зарур аст, ки аз Ҷумҳурии Ҳиндустон теъдоди муайяни омӯзгорон даъват шавад,-гуфт Нуриддин Саид.  Инчунин Вазорати маориф ва илм метавонад дар ҳамкорӣ бо сафорат табодули бештари донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорон, баргузории конфронсу ҳамоишҳои илмӣ ва анҷом додани тадқиқоти муштараки илмиро ба роҳ монад. 
Дар навбати худ, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон  Бираҷа Прасад зикр кард, ки Ҷумҳурии Ҳиндустон  омодааст дар соҳаи маориф ва илм бо истифода аз тамоми имкониятҳо барои  вусъати ҳамкорӣ тадбир андешида, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гарданд. 

Декабрь 23, 2015 04:10

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид