Мушкилот ва ояндаи муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон мавриди баррасӣ қарор мегирад
Душанбе, 21.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи ба номи Ҷавоҳирлаъл Нерӯ ва Хазинаи тадқиқот ва фарҳанги Ҳимолой конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Омӯзиши Ҳиндустон дар Тоҷикистон» ба кори худ шурӯъ кард. Дар конфронс ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон М. Имомзода, сафири навтаъйини Ҳиндустон дар Тоҷикистон Бирадҷ Прасад, роҳбари Хазинаи тадқиқот ва фарҳанги Ҳимолой ва Маркази тадқиқоти дохилиосиёӣ профессор Варику, доншмандону олимони ватаниву хориҷӣ, ҳамчунин донишҷӯён иштирок карданд. Дар назар дошта шудааст, ки конфронс рӯзҳои 21-22-юми декабр дома ёфта, дар ҷараёни он масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, таъсири мутақобилаи адибони тоҷику ҳинд дар эҷоди асарҳои классикӣ ва дигар паҳлӯҳои ҳамкории ду миллат ва ду давлат мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.
Алоқаҳои байналмилалии нақлиётӣ, эҳтимоли ҳамкории бонкӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон, мушкилот ва ояндаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндустон, муқоисаи нисбии раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистону Ҳиндустон аз мавзӯъҳои ҷолиби конфронси байналмилалианд, ки аз ҷониби иштирокдорон хуб пазируфта хоҳанд шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






