Музокироти Анқара ва Бағдод оид ба баровардани неруҳои туркӣ

Декабрь 9, 2015 13:03

Душанбе, 09.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ба назар менамояд, ки Ироқ омодааст ба Туркия боз як имконияти дигар диҳад. Анқара ва Бағдод изҳор доштанд, ки оид ба баровардани неруҳои Туркия аз Ироқ музокироти дуҷониба бурда истодаанд. Бино ба изҳороти ҳарду ҷониб, машваратҳо бомуваффақият гузашта истодаанд. Аён аст, ки пешравиҳо пас аз баррасии масъала дар ҷаласаи пӯшидаи Шӯрои амнияти СММ ба даст омаданд.  
Ҳушдори қатъие, ки Ироқ ба Туркия пеш гузошт, бегоҳии дирӯз муҳлаташ анҷом ёфт ва «Нақшаи Б» роҳандозӣ шуд, яъне бо ташаббуси Русия масъалаи вуруди неруҳои Туркияро ба баррасии Шӯрои амнияти СММ дохил карданд.
Ҷаласа пушти дарҳои пӯшида баргузор гардид. Дабири кулл ва як гурӯҳ аъзои Шӯрои амнияти СММ изҳори ташвиш карданд. Аммо, ба як қарори умумӣ омада натавонистанд. Тавре, ки ҳайати Русия баён намуд, ИМА дар маҳкум намудани амали иттифоқчиаш дар НАТО шитоб накарда, муҷмалона фикри худро ифода мекарданд. Ҳол он, ки аён буд: амали Анқара Вашингтонро ба ҳайрат овардааст.
«Албатта, он ҷо ташвиш ҳам садо медод. Маълум буд, ки барои ИМА ин воқеаи ногаҳонӣ аст. Ва ин ҳам тааҷҷубовар аст. Ин шаҳодати пешгӯинашаванда будани Туркия аст», — мегӯяд намояндаи доимии Русия дар Шӯрои амнияти СММ Виталий Чуркин.
Чунин менамояд, ки ИМА ҳоло кӯшиш доранд, ки шарики якравашон дар  НАТО-ро ба итоат дароранд, аммо комилан ноуҳдабароёна, инро бояд эътироф кард. Аллакай дар як моҳ бори дуввум аст, ки ба Департаменти давлатӣ ва Пентагон зарур меояд аз амали Анқара пуштибонӣ накунанд ва чун суруд (мантра) такрор кунанд: «ИМА ба амалҳои Туркия ҳеҷ рабте надоранд».
«Мо мутмаинем, ки ин масъаларо бояд Анқара ва Бағдод дар ҷараёни музокироти дуҷониба ҳал намоянд. Ироқ — кишвари соҳибихтиёр аст ва мо хостори онем, ки ҳама гуна амалиёти зидди ДОИШ, ки дар қаламрави Ироқ гузаронида мешаванд, бо Бағдод мувофиқа шаванд. Бояд аз ҳукумат иҷозаи расмӣ гирифт. Ин принсипи асосӣ аст », — изҳор дошт Ҷон Кирби, сухангӯи Департаменти давлатии ИМА.
4-уми декабр баталйони танкии туркӣ ба музофоти Найнавои Ироқ ворид шуд. Неруҳо дар қароргоҳи лашкари мардумӣ дар минтақаи Эш-Шайхан ҷамъ оварда шуданд. Дар аввал, бино ба тафсири расмии Туркия гап сари 130 ходими ҳарбӣ мерафт. Аммо, волии музофоти ироқӣ теъдоди сарбозонро 900 нафар нишондод кард. Гӯё, ки ин неруҳо танҳо барои омода намудани дастаҳои курдӣ барои мубориза бо ДОИШ зарур бошанд.
Дар Бағдод изҳор доштанд, ки ба ҳама гуна амали имконпазир омодаанд ва ҳавопаймоҳоро ба ҳолати баланди омодагии ҷангӣ овардаанд.
Пас аз ҷаласаи фавқулоддаи Шӯрои амнияти СММ Анқара каме паст омад. Мегӯянд, ки дарк намуданд, то чӣ андоза ин масъала барои Ироқ ҳассос аст. Музокирот оғоз гардид. Ва чунон ки имрӯз намояндаи доимии Туркия дар СММ итминон дод, аллакай ба баъзе муваффақиятҳо ноил гаштаанд. Аммо, чӣ комёбӣ ошкоро нагуфтанд.

 

Декабрь 9, 2015 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо