Н. Назарбоев ва И. Алиев иқдоми ба созиш овардани Русия ва Туркияро пешниҳод намуданд

Декабрь 2, 2015 03:39

Душанбе, 02.12.2015 (АМИТ «Ховар»). -Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Русия ва Туркия роҳи баромадан аз бӯҳрони муносибатҳоро, ки ҳафтаи гузашта пас аз сарозер кардани СУ-24-и Русия аз ҷониби НҲҲ Туркия ба вуҷуд омад, пешниҳод намуд. Иқдоми  сиёсати хориҷии Н. Назарбоев яке аз қисматҳои асосии паёми ӯ ба мардум гардид.
Ба гуфтаи Президенти Қазоқистон, ҳар ду кишварро зарур аст, ки барои таҳқиқи сабабҳои ҳодиса, «ҳарчи зудтар анҷом додани он, муайян кардани гунаҳкорон, ҷазо додан, эътироф кардани хатоиҳо ва барқарор кардани ҳамкорӣ»  комиссияи муштарак ташкил кунанд. Дар баҳогузорӣ ба ҳодиса Н. Назарбоев ҷониби Русияро гирифт: «Далел он аст, ки бомбаандози Русия ба Туркия таҳдид надошт ва ба Туркия ҳам намерафт». Н. Назарбоев ҳавасмандии худро дар танзими муносибатҳо бо он шарҳ дод, ки ӯ «он шахсе аст, ки чандин сол барои наздик кардани мавқеи Русия ва Туркия ва дӯст кардани онҳо шурӯъ аз замони сарвазир Демирел ва президент Елтсин саҳми худро гузоштааст» (иқтибос аз «РИА Новости»).
ВКХ Қазоқистон чанде пас аз ин ҳодиса, дар робита ба марги хизматчиёни ҳарбии Русия изҳори тасаллият карда, аз эҳтимоли ташаннуҷи муносиботи Русия ва Туркия, ки тӯли солҳои зиёд ба роҳ монда шуда буданд, изҳори нигаронӣ намуд. Бино ба баҳогузории ВКХ Қазоқистон, ҳодисаи рухдода метавонад ба самаранокии амалиёти зиддитеррористӣ таъсир расонад. Дар баробари ин, ВКХ Қазоқистон аз ҷониби Русия ва Туркия даъват намуд, ки дар вокуниш ба ин ҳодисаи фоҷиабор ботаҳаммул бошанд ва тамоми чораҳои имконпазир ва шабакаҳои алоқаро барои ташаннуҷ нагирифтани вазъ истифода баранд.
Рӯзи ҷумъа Илҳом Алиев, Президенти Озарбойҷон дар шаҳри Боку бо вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлут Човушоғлу мулоқот карда, омодагиашро барои ба роҳ мондани гуфтугӯи Анқара ва Маскав изҳор намуд. 
«Паёми Н. Назарбоев ба роҳбарони Туркия ва Русия хеле бамаврид аст, чунки ӯ дар иртибот ба ҷаҳони турк бартарӣ дошта, бо Русия ҳамсоя аст ва бинобар ин, ӯ кӯшиш менамояд, ки ин ду ҷаҳонро аз бархурде, ки метавонад ба низои миқёсан калон оварда расонад, раҳо созад», — мегӯяд коршинос оид ба сиёсати Осиёи Марказӣ Аркадий Дубнов. Ӯ ба он таваҷҷуҳ зоҳир кардааст, ки даъвати Н. Назарбоев пас аз як рӯзи мулоқоташ бо Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон садо дод. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Президенти Туркия мехоҳад низоъро бо роҳи гуфтушунид ҳал кунад, аммо якравии дурударози Путин метавонад барои аз даст додани бартарияти сиёсияш, ки дар натиҷаи ин ҳодиса метавонист ба даст орад, расонад.
Пас аз Русияву ИМА Туркия барои Озарбойҷон сеюмин шарики тиҷоратӣ ба шумор меравад. Бино ба маълумоти «Forbes»-и Қазоқистон, гардиши дуҷонибаи мол миёни Қазоқистон ва Туркия дар соли гузашта 3,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамаи кишварҳои узви ИИА ,ба ғайр аз Русия зиёд мебошад.
Аксари кишварҳои мусалмонӣ, шарикони Русия дар ИДМ дар иртибот ба бӯҳрони муносиботи Туркия ва Русия вазъи хомӯшии интизориро пеша карда, аз эълом доштани мавқеашон ба таври оммавӣ худдорӣ кардаанд, ишора мекунад Дубнов.
Танҳо ҷониби Тоҷикистон ин ҳодисаро бо таассуф дарёб кард. Дар изҳороти ВКХ Тоҷикистон гуфта мешавад, ки Душанбе ба эътидол омадани муносиботи муташанниҷи Русия ва Туркияро умедвор аст.
Дӯсти наздиктарини Русия — Беларус бо изҳороти махсус баромад накардааст. Намояндаи ВКХ Беларус зикр кард, ки «равиши фоҷиабори ҳодиса ба манфиати ҳеҷ яке аз ин кишварҳои иштирокдор нест ва метавонад дар фаъолияти умумии ҷомеаи ҷаҳонӣ — мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ пайомадҳои сиёсӣ орад». Президент Александр Лукашенко дар мулоқот бо Илҳом Алиев дар Минск мухтасар изҳор дошт: «Дунё аз ақл бегона шудааст, шумо мебинед, ки дар ин дунёи ноором ва пешгӯинашаванда чӣ рух дода истодааст, имрӯз мо бояд зинда бошем, паҳлӯи ҳам бошем, то ки ба таҳдиду хатарҳое, ки дар дунё вуҷуд доранд, муқовимат намоем». (иқтибос аз БелТА).
Дар Маскав ҳанӯз ба пешниҳоди Н. Назарбоев ва И. Алиев вокунише нашудааст. Бино ба иттилои манбаъ аз Думаи давлатии Русия, пешниҳоди Н. Назарбоевро сарони ҳар ду давлат метавонанд, ки дар нимаи декабр дар нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Авруосиё дар Маскав баррасӣ намоянд.
Ҳоло пешниҳоди миёнаравӣ зарурат надорад, вале мумкин аст, ки дар марҳилаҳои минбаъда лозим шавад, — мегӯяд муовини директори Институти ИДМ Владимир Жарихин. Бо мавқеи миёнарав баромад карда, ҳар ду кишвар мавқеи бетарафии худро дар ин мухолифат, ки изҳор кардани он барояшон муҳим аст, ифода карданд, чунки ҳар ду кишвар ҳам бо Русия ва ҳам бо Туркия равобити зич доранд ва намехоҳанд, ки дар вазъи интихоби яке аз ҷонибҳо қарор дошта бошанд. 

 

Декабрь 2, 2015 03:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад