Нахустин зарбаҳои НҲҲ Бритониё дар Сурия ба минтақаи истеҳсоли нафт

Декабрь 3, 2015 10:59

Душанбе, 03.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Шаби панҷшанбе ҳавопаймоҳои НҲҲ Бритониё  дар Сурия ба нуқтаҳои истеҳсоли нафт, ки таҳти назорати террористони ба ном «Давлати исломӣ» буданд, зарба заданд. Дар ин бора «Би-Би-Си» иттилоъ медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар давоми шаб ҳавопаймоҳои Бритониё зарбаҳои нахустини худро ба мавқеъҳои ДИ дар Сурия заданд.
Ҳамлаи ҳавоӣ пас аз ба анҷом расидани овоздиҳӣ дар парлумони Бритониё, ки иштироки Бритониёро дар амалиёти эътилофи байналмилалӣ таҳти роҳбарии ИМА дар мубориза бар зидди ДИ дар Сурия иҷозат дод, сурат гирифт. Қабл аз ин, ба НҲҲ Бритониё иштирок дар ҳамлаҳои ҳавоӣ ба мавқеи ДИ танҳо дар қаламрави Ироқ иҷозат дода шуда буд. 

Декабрь 3, 2015 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад