Нисбат ба 38 корманди нуқтаҳои мубодилаи асъор парванда кушода, ҷаримаҳои калон ситонида шуданд
Душанбе, 4.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини суботи бозори дохилии асъор ва тағйирёбии муътадилии қурб як зумра чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Ин нуктаро имрӯз, 4 декабр зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев таъкид намуд.
Тайи бештар аз як ҳафтаи гузашта Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳайати гурӯҳҳои кории муштарак бо мақомоти прокуратура ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати ҳамарӯзаи фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъорро дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи марказ анҷом доданд. Дар натиҷа то имрӯз нисбат ба 38 корманди нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилоти қарзӣ парвандаҳо кушода шуда, аз моликони онҳо — бонкҳо ва ташкилоти қарзии амонатии хурд ҷаримаҳои калон ситонида шуданд.
“ Бо мақсади ҷорӣ кардани тартиби нави анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ то охири соли ҷорӣ нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шуда, амалиёти мубодилавӣ бевосита дар худи ташкилоти қарзӣ дар хазинаҳои марказҳои хизматрасонии бонкӣ, филиал ва саридораи бонк (муваққатан дар нуқтаҳои интиқоли пул) анҷом дода мешаванд”,-таъкид дошт Ҷ.Нуралиев.
Бино ба гуфтаи раиси БМТ, ҳамчунин бо мақсади пурзӯр кардани ҷавобгарии шахсони воқеӣ барои ғайриқонунӣ анҷом додани амалиёти мубодилавӣ ва истифодаи асъори хориҷӣ тағйироту иловаҳо ба кодексҳои маъмурӣ ва ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






