Низомномаи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия тасдиқ гардид

Декабрь 2, 2015 12:20

Душанбе, 2.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди фасод барои  огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ ва рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти дорои коррупсионӣ ва ба андоз алоқаманд бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2015 Низомномаи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия тасдиқ гардид. 
Мақсади низомнома баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди фасод дар кишвар мебошад. 
Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти мубориза бо коррупсия, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва низомномаи мазкур анҷом дода мешавад. 
Бобати баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди фасод фаъолияти мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, идораи ҳарбӣ, назорати маводи нашъаовар, андоз ва гумрукро барои  пешбурди корҳои таҳлилӣ, пешгирӣ, сари вақт ошкор намудану тафтиш кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва ба андоз алоқаманд, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда ҳамоҳанг месозад. 
Бо ин мақсадҳо дар назди агентӣ Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия таъсис дода мешавад. 
Ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
 Низомнома аз 9 боб, аз ҷумла муқаррароти умумӣ, самтҳои асосии ҳамоҳангсозии фаъолият, принсип ва мақсадҳои ҳамоҳангсозӣ, вазифаҳои шӯро, раиси шӯро ва ваколатҳои он, аъзои шӯро, ташкили фаъолияти шӯро, котиботи шӯро, ҳамкорӣ бо судҳо ва мақомоти адлия иборат мебошад.

 

Декабрь 2, 2015 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад