Нобудсозии қариб 60 ҳазор кг. маводи хӯрокворӣ
Душанбе, 17.12.2015 (АМИТ «Ховар»). -Мувофиқи иттилои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июни соли равон ба воситаи роҳи оҳан аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нишонии ҶДММ «Бахтофарид»-и ноҳияи Ашти вилояти Суғд бо вазни умумии 58 ҳазору 554 килограмм маводи хӯроквории хурмо, биринҷ ва кекс ворид шудааст.
Намояндагони ҶДММ «Бахтофарид» моли мазкурро дар дохили қатораи роҳи оҳан нигоҳ дошта, бо сабаби ба мақомоти гумрук номаълум барои барасмиятдарории гумрукии мол ҳуҷҷатҳои лозимиро пешниҳод накарданд. Дар натиҷаи чунин хунукназарӣ ва бо сабаби дар шароити номусоид дар дохили қатора ба муддати тӯлонӣ нигоҳ доштани моли мазкур маводи хӯрокӣ сифати истеъмолии худро гум намуд. Дар асоси хулосаи озмоишии «Тоҷикстандарт» ва Маркази ташхисии байтории вилояти Суғд бо комиссияи муштарак мутобиқи моддаи 243-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон молҳои сифаташон паст нобуд карда шуданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






