Носир Бушерит: «Тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳам, то ин ки муносибатҳои Тоҷикистону Алҷазоир рушд ёбанд»
Душанбе, 10.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-10 декабри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи 8 сафири навтаъйини кишварҳои Аврупо, Осиё ва Африқоро қабул намуд.
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Носир Бушерит баъди супоридани эътимоднома ба Президенти кишвар дар назди хабарнигорон иброз намуд, ки Ҷумҳурии халқии демократии Алҷазоир ҳамчун як давлати араб аз шарикони муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Алҷазоир робитаҳои таърихианд, ки ин робитаҳоро дини мубини ислом бо ҳам мепайвандад. Мо омода ҳастем, ки барои таҳкими муносибатҳои дучониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Алҷазоир ҳамеша саъю талош намоем. Ман ҳамчун сафири Давлати Алҷазоир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кушишҳоро ба харҷ медиҳам, то ин ки муносибатҳои Тоҷикистону Алҷазоир рушд ёбанд,-афзуд Носир Бушерит.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






