Об дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фаровон шуд

Декабрь 21, 2015 05:24

Душанбе, 21.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Мушкили беобии беш аз се ҳазор сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ роҳи ҳал пайдо намуд. 
Чанде пеш чаҳор чоҳи амудӣ дар кӯчаи Сомониёни маркази шаҳрак, деҳаҳои «Маданият» ва «Помир»-и ноҳия барқарор шуд ва сокинони маҳаллӣ ба оби софи нӯшиданӣ дастрасӣ пайдо намуданд.
Ба иттилои Ҳоким Шералиев, сардори Корхонаи фаръии давлатии «Оби шаҳраку деҳот» дар ҳамкорӣ бо созмонҳои «Наҷоти Арал» ва «КАРИТАС-Тоҷикистон» якчанд қубури  обкаш аз Санкт-Петербурги Русия харид ва дар чоҳҳои амудии ноҳия насб гардидаанд.
Маъмурияти КФД «Оби шаҳраку деҳот» ҳамчунин азм дорад, ки як чоҳи амудиро дар боғи марказии фароғати фарҳангии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва  чоҳи дигарро дар кӯчаи Айнии маркази ноҳия барқарор кунад.

 

 

 

 

Декабрь 21, 2015 05:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!