“Оила-макони меҳру муҳаббат” — маҳфил дар Коллеҷи тиббии Хуҷанд
Хуҷанд, 8.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар доираи иқдоми “16 рӯз — бар зидди хушунат” дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои мухталиф бо иштироки шахсони масъули мақомоти маҳаллӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ мулоқот бо аҳолӣ ҷараён доранд. Чунин як чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Оила — макони меҳру муҳаббат” дирӯз дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд низ доир гашт.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти вилояти Суғд иттилоъ доданд, дирӯз дар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёда аз сад донишҷӯю фаъолзанҳо ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ мулоқоти муфид баргузор гардид, ки ҳадафи асосии он, пеш аз ҳама, ҷалби диққати ҷомеа ба мушкилоти зӯроварӣ нисбат ба занон ва поймолкунии ҳуқуқи инсон, оқибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сабаб ва зоҳир гардидани онҳо ва мусоидат намудан дар баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маърифати хуқуқии занон буд.
Зимни чорабинӣ масъулин аз Раёсати кор бо занони макомоти вилоятӣ, шуъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Суғд ва донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ доир ба оиладорӣ, пойдории он, зӯроварӣ, ки яке аз омилҳои вайронкунии ҳуқуқҳои инсон ба ҳисоб рафта, мутаассифона, тавре ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ба ин амали нангин дар оила аксаран занон дучор меоянд ва ҳамзамон оид ба пешгирии ин падидаи нохуш сухан гуфтанд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






