«Оилаи намунавии соли 2015» дар шаҳри Исфара аст
Душанбе, 22.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Озмуни вилоятии «Оилаи намунавии соли 2015» ҷамъбаст ва дар он оилаи Пӯлодовҳо аз шаҳри Исфара беҳтарин оилаи эҷодкори вилояти Суғд дониста шуд.
Тибқи иттилои корманди бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Гулчеҳра Раҳимова озмун аз рӯйи панҷ бахш- оилаи ҳунармандон, эҷодкорон, эҳёгари анъанаҳои миллӣ, намунавӣ ва беҳтарин оилаи ҷавон сурат гирифта, дар онҳо оилаҳо аз 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд байни ҳам сабқат намуданд.
Дар озмун аз Исфара оилаи Пӯлодовҳо аз деҳаи Чилгазӣ иштирок ва дар бахши оилаи эҷодкор беҳтарин шинохта шуд.
Мавлонидин Пӯлодов собиқадори матбуот буда, беш аз 10 сол сармуҳарририи рӯзномаи «Насими Исфара» (1982-1992)-ро бар уҳда дошт. Ҳамсараш Ӯғулой Маҳкамова собиқадори соҳаи маориф буда, онҳо беш аз 42 сол аст, ки зиндагии якҷоя доранд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






