Оилаи солим — кафили ҷомеаи солим
Душанбе, 10.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба муносибати Соли оила дар мавзӯи «Зиндагӣ бидуни зӯроварӣ» мизи мудаввар доир гардид.
Ноиби ректор оид ба таълими донишкада Шукрулло Хайров зикр кард, ки дар фарҳанги миллати тоҷик оила ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гашта, хислатҳои беҳтарини инсонӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.
Дар чорабинӣ намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино, Маркази шаҳрии бемориҳои пӯст иштирок доштанд.
Корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Азимова изҳор дошт, ки мушкилии муҳимтарини ҷомеаи мо дар бахши оиладорӣ- ин пошхӯрии он мебошад. Вале бо эълон шудани Соли оила, хушбахтона, омори пошхӯрии оилаҳо то андозае коҳиш ёфт. Номбурда аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки чун онҳо парчамбардорони ояндаи давлату миллатанд, дар интихоби ҳамсар ба иштибоҳ роҳ надода, оилаҳои солим ва намунавиро бунёд намоянд.
Сармутахассиси шуъбаи тарбияи донишкада Мавҷуда Давлатова дар бораи «Психологияи зӯроварӣ дар оила» маърӯза намуда, роҷеъ ба зӯроварӣ, хушунат ва дигар муносибатҳои ношоиста дар ҳаёти оилавӣ, ки аз ҷиҳати психологӣ ба хонавода ва умуман тарбияи фарзандон таъсири манфӣ мерасонанд, изҳори андеша кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






