«Оилаи солим ва пойдор-асоси фардои созандаи Тоҷикистон»-мулоқот бо олимон
Файзобод, 12.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани Соли 2015- соли оила дар якҷоягӣ бо бахши зан ва оилаи ноҳия дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ чорабиниҳои шавқовар, озмунҳо, конфронсу мизи мудаввар дар мавзӯи «Оила ва нақши он дар тарбияи насли наврас», вохӯрӣ бо олимон дар мавзӯъҳои «Оилаи солим ва пойдору мустаҳкам -асоси фардои созандаи Тоҷикистон», «Зан- модар сарчашмаи ҳаёт», «Нақши оила дар таълиму тарбияи кӯдак», «Оилаи беҳтарин», «Ҳимояи оила», «Модар- олиҳаи зебоӣ», «Кадбонуи беҳтарин» ҷараён доранд.
Бо иштироки оилаҳои намунавӣ ва намояндагони шуъбаи маориф ва бахши зан ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷамоатҳои деҳоти ба номи Дӯстмуроди Алӣ ва Меҳробод бахшида ба соли оила вохӯрию озмунҳо гузаронида шуданд ва хонандагони ғолиб сазовори туҳфаҳо гардиданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






