Ҷонибдории кормандони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» аз Пешвои миллат
Душанбе, 29.12.2015 (АМИТ «Ховар»). -Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси умумӣ бо иштироки кулли кормандон баргузор гардида, роҳбари муассиса Ҷамшед Ҷумъахонзода оид бааҳамият ва зарурияти қонуни мазкур сухан гуфт.
Ҳамчунин як гурӯҳ кормандони муассиса доир ба қабули қонуни мазкур, хизматҳои арзанда ва корнамоиҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сухан карда, қабули қонуни мазкурро дастгирӣ намуданд .
Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» аз ҷониби ҳарду палатаи Парлумони кишвар орзуи деринаи мардуми кишварро ҷомаи амал пӯшонид, зеро қабул намудани чунин қонун талаби замон дар ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад, ки мардум бо ақлу заковати ориёнаи худ тақдири имрӯзу фардои кишварашро бо дастони худ менависад.
Аҳамият ва манзалати қонуни мазкур, пеш аз ҳама, қадршиносию арҷгузорӣ ба он хизматҳои арзандае, ки фарзанди барўманди миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон, барои ободиву пойдорӣ қаҳрамонона дар лаҳзаҳои мушкилу сарнавиштсоз намудааст, равона карда шудааст.
Кормандони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон якдилона ва сидқан пуштибонӣ намуда, хизматҳои шоистаи ин марди накўномро, ки баҳри озодӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангиву дунявӣ, асолати ҳувияти миллӣ, меҳанпарастӣ, ваҳдати миллӣ, сарҷамъии тоҷикони ҷаҳон, бузургдошти осори ниёгон ва ҳастии миллати тоҷик ҷони худро дареғ надошта, дар рушди ҷомеаи навини демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ва фардои шукуфони миллати тоҷик содиқона анҷом медиҳад, дастгирӣ менамоянд.
Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки миллати тоҷик ва давлати тоҷиконро аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид муаррифӣ намуд, иди миллии тоҷикони ҷаҳон «Наврўзи оламафрўзро» ҷаҳонӣ намуд, аз байни 500 нафар мусулмонони ҷаҳон «Беҳтарин мусалмон» эътироф гардид, бо Қарори академикии Шўрои Аврупо бо унвони олии фарҳанги сиёсии ҷомеаи Аврупо «Пешвои Асри XXI» сарфароз гардонида шуд ва имрӯз ӯ соҳиби обрўву эътибори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва боиси ифтихор ва сарбаландии тамоми тоҷикони рўйи ҷаҳон гардидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






