Ордени «Шараф» дараҷаи якум ба марҳум Азамат Азимов
Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон капитани қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии кишвар шодравон Азимов Азамат Абдураҳимович барои корнамоӣ дар ҳимояи марзи Ватан, ки қаҳрамонона ҳалок гардид, бо ордени «Шараф» дараҷаи якум сарфароз гардонида шуд. Ордени «Шараф»-ро имрӯз муовини аввали раиси КДАМ, Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ аз номи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба падари ин муҳофизи ҳақиқии Ватан супорид.
Генерал-лейтенант Р. Раҳмоналӣ зимни суханронӣ иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаҳрамонии фарзандони ҷасурро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, оилаҳо ва фарзандони онҳоро мунтазам дастгирӣ менамояд. Корнамоии ин фарзанди шуҷои Ватан барои ҳайати шахсии қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сарбозону афсарони қувваҳои мусаллаҳи кишвар дарси ибрат аст.
Ҳамчунин бо супориши Сардори давлат ва дастгирии КДАМ имрӯз дар хиёбони Нусратулло Махсум калиди хонаи истиқоматии дуҳуҷрагӣ бо тамоми ашёи хона ба оилаи марҳум А. Азимов супорида шуд.
Ҳамсари муҳофизи далер Замира Нозҳасанова аз таваҷҷуҳи Ҳукумат ва роҳбарияти КДАМ изҳори миннатдорӣ намуда, бо ифтихор иброз дошт, ки номи неки падари се фарзанди ноболиғаш дар лавҳи хотири халқи тоҷик боқӣ мемонад.
Волидайни ин сарбози шуҷоъ Абдураҳим Азимов ва Пулотой Азимова аз қадрдонии фарзандашон аз ҷониби Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ки ҳамеша бо меҳру шафқати зиёд сари ятимонро сила менамоянд, минатдорӣ изҳор намуданд.
Азимов Азамат Абдураҳимович (16.01.1979) зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб буда, Донишгоҳи педагогии ин шаҳрро хатм кардааст. Тӯли даҳ сол дар қӯшунҳои сарҳадӣ адои вазифа карда, дар кишварҳои Русия, Миср ва Чин донишу таҷриба омӯхтааст.
Фаромӯш набояд кард, ки барои муҳофизи ҳақиқии Ватан будан меҳру садоқат ба сарзамини аҷдодӣ, ҷасорату матонат, донишу таҷриба ва ҳушёриву зиракии сиёсӣ зарур аст, ки ин ҳамаро марҳум Азамат Азимов доро буд.








Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






