Ошкорнамоӣ ва мусодираи маводи тарфгарӣ дар Суғд

Декабрь 29, 2015 05:55

 Душанбе, 29.12.2015 (АМИТ «Ховар»). -Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд роҳи воридот ва паҳн гардидани маводи пиротехникиро ошкор ва пешгирӣ намуданд. Чунончӣ, дар роҳи мошингарди самти «Хуҷанд-Конибодом» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сокини шаҳри Конибодом «М.М» боздошт гардид. Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили борхалтаи ӯ ба миқдори умумии 1 ҳазору 120 адад маводи гуногуни тарфгарӣ бо навиштаҷоти «ТРЕНИЯ»,  «Петарды Черная смерть», «Салют.16В», «Дракон Х081А», «Выстрелов салют Х087», «Терминатор» дарёфт  шуд. Маводи мазкурро номбурда аз деҳаи Арқаи Ҷумҳурии Қирғизистон харида, мехост ба шаҳри Конибодом интиқол диҳад. Ҳамчунин дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳрванд «Ҳ.Қ.» боздошта шуда, зимни азназаргузаронӣ аз дохили борхалтаи ӯ дар дохили 2 қуттии картонии калон ба миқдори умумии 1 ҳазору 100 дона маводи тарфгарӣ дарёфт шуд. Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳрванд «С.Б.» соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи ш. Конибодом боздошт гардид. Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили борхалтаи ӯ 2 қуттии калони картонӣ ба миқдори умумии 1 ҳазору 72 адад маводи тарфгарӣ бо навиштаҷоти дарёфт  шуд.  Дар дидбонгоҳи бозрасии автомобилӣ, воқеъ дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳрванд «Қ.А.»  соли таваллудаш 1973, истиқоматкунандаи ш. Хуҷанд,  боздошта шуд. Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили борхалтаи шахси номбурда ба миқдори умумии 6 ҳазору 600  дона маводи тарфгарӣ дар дохили 15 баста дарёфт карда шуд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёт дар роҳи мошингарди самти Конибодом-Хуҷанд мошини тамғаи «Опел- Земфира» таҳти идораи шаҳрванд «М.З.» барои муоинаи гумрукӣ боздошта шуд. Дар ҷараёни гузаронидани муоинаи гумрукӣ аз дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур аз дохили 48 қуттии  калони картонӣ ба миқдори умумии 23 ҳазору 944 дона маводи тарфгарӣ дарёфт шуд. Ин миқдор маводи тарфгарӣ ба шаҳрванд Усмонов Икромбек, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд тааллуқ дошта, охирон ин миқдор маводро аз як шаҳрванди Қирғизистон ба ҷои қарзаш гирифта, мехост ба шаҳри Хуҷанд бурда, фурӯшад. Тавре ки аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати мамлакат иттилоъ доданд, нисбат ба шахсони қонуншикан парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 199 эзоҳи 1, қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шудааст. 
Бояд гуфт, ки дар давраи пешазсолинавӣ кормандони гумрук дар вилояти Суғд ба миқдори умумии 155 ҳазору 374 адад маводи тарфгарӣ (хлопушка) ва 57 адад оташфаввора дарёфт ва мусодира кардаанд.
Хотиррасон бояд кард, ки мутобиқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми апрели соли 1997 «Оид ба манъи  интиқоли маҳсулоти тарфгарӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  ва тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истеҳсол, хуриду фурӯш ва нигаҳдориии маводи тарфгарӣ манъ карда шудааст.   

 

Декабрь 29, 2015 05:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад