Паҳнкунандаи ҳаб дар муассисаҳои дилхушии пойтахт дастгир гардид
Душанбе, 21.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар як нафар шаҳрвандро дар яке аз ошхонаҳои пойтахт дастгир карданд, ки дар натиҷа аз номбурда 5 418 ҳаб дарёфт гардид. Нархи умумии ҳабҳои мусодирашуда дар “бозори сиёҳ” 80 ҳазор доллари Амрикоро ташкил менамояд.
Кормандони агентӣ иттилоъ гирифтанд, ки ба пойтахт миқдори махсусан калони маводи нашъаовари синтетикии МДМА бояд ворид гардад ва барои муайян намудани шахсияти ба он дастдошта чорабиниҳо гузарониданд.
Қарор шуд, ки он шахсро ҳангоми фурӯши ҳабҳо дар яке аз ошхонаҳо дастгир намоянд. Ҳангоми азназаргузаронӣ аз ӯ як борхалта дарёфт гардид, ки дар дохили он 3 587 ҳаби МДМА мавҷуд буд.
Пас дар хонаи дастгиршуда кофтуков гузаронида шуд ва аз махфигоҳ боз зиёда аз 2 ҳазор ҳаби МДМА дарёфт гардид.
Дастгиршуда ҳабҳои МДМА-ро бо мақсади паҳн намудан дар муассисаҳои дилхушии пойтахт овардааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






