Парвандаҳои маъмурӣ нисбат ба 5 нуқтаи мубодилаи асъори ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”
Душанбе, 9.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо нисбат ба 5 нуқтаи мубодилаи асъори ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва 1 нуқтаи мубодилаи асъори ҶСК “Агроинвестбонк” бинобар сабаби ошкор гардидани камбудиҳо, аз қабили бо қурби баланд харидорӣ намудани доллари ИМА нисбат ба қурби дар қурбномаи аз ҷониби бонк муайяншуда, надоштани китоби бақайдгирӣ, ба расмият надаровардани ҳисобот ва бешомади хазина санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти БМТ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар робита ба ҳолатҳои ошкоршуда нисбат ба 2 нуқтаи мубодилаи асъор аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода, ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Санадҳои дигар нисбат ба чор нуқтаи мубодилаи асъор дар айни замон мавриди баррасӣ қарор доранд.
Хотиррасон мекунем, ки аз 3 то 5 декабри соли равон аз ҷониби гурӯҳҳои кории Бонки миллии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эътидол овардани вазъи бозори дохилии асъор дар нуқтаҳои мубодилаи асъор санҷишҳои муштарак гузаронида шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






