Пешгирӣ намудани муомилоти ғайриқонунӣ

Декабрь 28, 2015 11:50

Душанбе, 28.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзи 27-уми декабр зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ -ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мошини тамғаи “Опел-Зефира”, таҳти идораи ронанда,  сокини 30-солаи ноҳияи Истаравшан боздошт шуд. Дар вақти кофтуков аз дохили мошини мазкур 40480 дона маводи тарфгарии намуди “хлопушка” дарёфт ва мусодира гардид.     
Ҳамчунин дар ин рӯз, зимни чорабиниҳои дигари фаврӣ -ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокини 20-солаи ноҳияи Б.Ғафуров, донишҷӯи бахши 3-юми Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистонро бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ дастгир намуданд. Дар вақти кофтуков аз ӯ 17000-дона маводи тарфгарии намуди “трения” дарёфт ва мусодира  шуд. 
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Дастгоҳи марказии ВКД ғолиби мусобиқаи футболи хурд гардид

 

Декабрь 28, 2015 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид