Пешвои арзанда
Душанбе, 18.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Соҳибистиқлолии Тоҷикистон нишон аз ҳастии мардуме бо номи тоҷик ва ошно сохтани он ба ҷаҳониён аст.
Тоҷикистон дар остонаи расидан ба Истиқлолияти миллӣ бо мушкилоти шадиди сиёсӣ рў ба рў гардид. Бар асари маърифати пасти сиёсиву ҳуқуқӣ ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардида, хатари нобудшавии миллат ба вуҷуд омад. Шукрона, ки бо баргузор гардидани Иҷлосияи XVI тақдирсози Шўрои Олӣ ва ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон ва Раҳнамои миллат шудани эшон ин хатар аз миён бардошта шуд. Инак, тўли 24 сол аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар масири истиқлол қадамҳои устувор монда, дар ҷодаи таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву маънавӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуданд.
Мардуми тоҷик нишон дод, ки Ватани худро дўст медорад ва пайваста аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, ба таври самимонаву содиқона ҳамеша дар паҳлўи Роҳбари хирадманду хирадпешаи худ муттаҳид аст ва таъкиди Сарвари ваҳдатофари худро, ки «Ватан ва ин хоку оби муқаддасро дўст бояд дошт ва эҳтиёт намуд», сармашқи кори хеш қарор додааст.
Мардуми шарифи тоҷик хизматҳои фарзанди фарзонаи хеш, шахси оқилу доно, хирадманду сиёсатмадор, ҷаҳондидаву дилогоҳ Эмомалӣ Раҳмонро баҳри пойдорию таҳкими сулҳ, ваҳдату ягонагӣ, ободии роҳҳо, бунёди иншооти бузург, сабзу хуррамгардонии мулк нек арзёбӣ кардааст.
Маҳз бо раҳнамоии оқилонаву сиёсати пешгирифтаи Эмомалӣ Раҳмон суботу оромӣ, ҳимояи марзу бум, риояи тартиботи дохилӣ таъмин карда шуд.
Имрўз, хушбахтона, ҷавонони баору номуси тоҳик дар рўҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия ва таълим гирифта, ватани азизи хешро ҳимоя мекунанд, ки ин далели соҳибистиқлолии кишвар ва демокративу дунявӣ будани он аст.
Халқи тоҷик ва умуман шаҳрвандони гуногунмиллати Тоҷикистони азиз имрўз бо як ҳисси ифтихор, сарбаландиву дилпурӣ номи пуршарафи Пешвои миллатро ба фарзанди содиқи хеш, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон лоиқу сазовор медонад.
Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистони азиз итминон дорад, ки барои шукуфоии диёру сулҳу осоиштагии он ва зиндагии шоистаи халқи тоҷик дар такя ба хиради азалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба қуллаҳои баланди мурод хоҳад расид.
Мақсудов З.О. — декани факултети филологияи Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, номзади илмҳои педагогӣ.








МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст






