Пешвои миллат ифтихори мост

Декабрь 17, 2015 12:23

 Душанбе, 17.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — 9-уми декабри соли 2015 дар саҳифаи таърихи миллати тоҷик  боз як саҳифаи дигаре зам шуд. Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат»-ро қабул намуд.
Лозим ба тазаккур аст, ки қабули қонуни мазкур арҷ гузоштан ба шахсияти таърихӣ ва хизматҳои бузургаш дар назди халқу меҳан мебошад. Дар робита ба ин масъала ҳайати кормандони Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули қонуни фавқро барои рушду инкишофи минбаъдаи давлатдории миллӣ,  сарҷамъии миллат, ҳифзи арзишҳои  истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ,  дахлнопазирии кишвар ва таъмини шароити зиндагии арзанда, инкишофи озодона  ва рўзгори пурнишоти миллати куҳанбунёду  тамадунофари  фарҳангсолори тоҷик  амри воқеӣ ва иқдоми басо наҷиб маҳсуб менамоянд. 
 Бояд зикр кард, ки маҳз сиёсати хирадмандона ва талошу заҳматҳои пайвастаи   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки хавфи аз байн рафтани  Академияи илмҳоро дар солҳои  баъд аз ҷанги таҳмилӣ нигоҳ дорад. Бо мақсади  рушду инкишофи илми тоҷик мунтазам аз ҷониби Роҳбари давлат ғамхориҳои   зиёд зоҳир  гардида,  тамоми кўшишу ғайрат  ва ҳидояти  ин абармарди миллат  ба иҷрои ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- баровардан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба  истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ,  ҳамзамон рушди илмҳои бунёдӣ  дар амал тадбиқ гардида истодааст.  Имрўз  тамоми шароит барои  рушди илм ва робитаи илм бо истеҳсолот, ғамхорӣ дар ҳаққи олимони ҷавон ва корҳои зиёде дар ин самт  гувоҳи  гуфтаҳои болост. Беҳуда нест, ки  мардуми мо  сарвари худро Президенти  мардумӣ ном наниҳоданд, чунки ў худ аз байни халқ баромада,уба дарду ғами халқ шарик аст.
Дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони барўманду фарзонааш нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд. Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт.  Паёми  нахустини  мавсуф аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шўрои Олии Тоҷикистон, ки 19-  уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида буд, сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд. 
Мардуми кишварамон  суханони таърихии Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буд: «То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам» хуб дар хотир доранд.
Солҳои 1993-1996 муҳоҷирони иҷборӣ, ки бар асари муноқишаҳо Афғонистону кишварҳои пасошўравӣ ба cap мебурданд, пурра ба марзу буми  аҷдодӣ  баргаштанд  ва шахсан бо кўмаки бевоситаи  Роҳбари давлат бо мақсади обод гардонидани  хисороти ҷанги шаҳрвандӣ маблағҳои  зиёде  ҷудо намуданд. 
Билохира  27 июни соли 1997  имзои Созишномаи  сулҳи тоҷикон дар шаҳри Маскав ба вуқуъ пайваст. Ин натиҷаи заҳматҳои шабонарўзии Эмомалӣ Раҳмон буд. Роҳбарияти мухолифини тоҷик ба хотири қатъи оташи  ҷанги бародаркуш бо ҳукумат пайваст, барои барқарории харобаҳои ҷанг ва рушду иқтисоди миллат гомҳои боварибахшу устувор гузошта шуданд.|
Бояд хотиррасон кард, ки Тоҷикистон бо ҷанги шаҳрвандӣ рў ба рў шуда, аз империяи бузурги собиқ Иттиҳоди Шўравӣ мероси ночизе гирифт, ҷанг беш аз сад миллион долларро ташкил дод, бештар аз 120 ҳазор одамон ҷонҳои ширини хешро аз даст дода, иқтисод ва буҷети мамлакат ба сифр баробар шуда буд. Эмомалӣ Раҳмон тавассути сиёсати сулҳофару созанда ва дарҳои кушод таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон ҷалб сохт. Эълони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари демократӣ, дунявӣ ва ягона имкон дод, ки сиёсати дохилию берунии мамлакатро таҳти раҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон аксар кишварҳои абарқудрату неруманд лаббайк гўянд.
Дар баробари муваффақиятҳои бадастомада мушкилоти мавҷуда низ сол то сол аз байн рафта, сокинони Тоҷикистон дар атрофи Президенти интихобкардаи хеш Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳидтар гашта, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол фидокоронаю аз сидқи дил заҳмат мекашанд. Хуб медонанд, ки Эмомалӣ  Раҳмон чун шахсияти барҷастаю эътирофшудаи сиёсии ҷаҳонӣ баъди пирўзӣ дар интихоботи навбатии президентии соли 2013, ҳангоми савгандёдкунӣ, бори дигар иброз дошт, ки ў барои шукуфоию сарсабзии Ватани соҳибистиқлоламон ҷоннисорӣ хоҳад кард. Бале, ў яке аз фарзандони сарсупурда, шуҷою далер ва Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Миллати мо барҳақ бо Эмомалӣ Раҳмон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат аст, ифтихор мекунад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун мунодии сулҳу ваҳдат ва бунёдкорӣ, халқу миллат ва ватанашро чун фарзандонаш аз дилу ҷон дўст медорад. Баҳри беҳбудии некўаҳволии халқ ва ободии Ватани азизаш ҷонашро фидо мекунад. Ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошад. Аз ин ҷост, ки ўро халқ дўст медорад ва чун Роҳбари давлат эътироф мекунад. 
Ҳамин дўстдории ўст, ки халқ ўро дар рўзи интихоботи навбатӣ аз сари нав сарвари худ пазируфтанд. Дар ҳақиқат, ў ба ин вазифаи олӣ арзанда аст. Ин дўстдорӣ бесабаб нест, зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии миллат, истиқлоли Ватани азизамон ва ин пешрафту ободиҳо ҳама ба номи азизи вай сахт марбут аст. 
Тўли зиёда аз бисту  чор соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат будани мавсуф кишварамон рушд ёфта, симояшро ба куллӣ дигар намуд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем, садҳо корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ бунёд гардиданд, пулу нақбҳо ва роҳҳои ҳамвор чор тарафи ватанамонро ба ҳам пайвастанд, рўзгори мардум рў ба беҳбудӣ овард, ки ин ҳама шаҳодати соҳибназарӣ, ақли гиро ва заковати худододаи ўст.                                   

                                      Барҳақ ў  Исмоили Сонӣ шуда,
                                      Фахри ҳар  як тоҷикистонӣ  шуда ,
                                      Некаъмол аст,  садри  бебаҳост,
                                      Як назар! Дар чеҳрааш Нури  Худост!
                                                
Аъзои Ташкилоти ибтидоии   
ҳизбии «Илмпешагон»- и 
ҲХДТ дар Академияи 
илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

Декабрь 17, 2015 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба дастовардҳо ва дурнамои рушди биологияи таҷрибавӣ дар Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе дар доираи Конвенсия оид ба манъи истифодаи силоҳи биологӣ ва токсинӣ конфронси байналмилалӣ оғоз ёфт
Тоҷикистон ва вилояти Свердловск дар самти истифодаи технологияҳои нави сохтмонӣ ҳамкорӣ мекунанд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» барои таъмини бехатарии парвозҳо дар ин давра конфронси техникӣ доир шуд
Сигэру Исиба сарвазири Япония интихоб гардид
Маркази обуҳавошиносии шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нави замонавӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
«ПИРӮЗӢ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД…». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи Мавлоно ҳамоиш баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонӣ оид ба нақлиёти устувор дар Пекин иштирок намуд
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дар истгоҳи мошинҳои Хуҷанд толори фирмавии алоқа кушода шуд