Рафиқа Мӯсоева: Эмомалӣ Раҳмон- меъмори сулҳ ва эҳёкунандаи миллати тоҷик

Декабрь 21, 2015 11:22

Душанбе, 21.12.2015.  (АМИТ «Ховар»). — 9-уми декабри соли равон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюм, даъвати панҷум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат»- ро қабул намуда, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои миллат эътироф намуданд. Доир ба қабули қонун раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, Корманди хизматнишондодаи илми Тоҷикистон Рафиқа Мӯсоева мегӯяд, ки: «Институти ҷамъиятии Пешвои миллат дар як силсила кишварҳои ҷаҳон мавҷуд буда, он равиши сиёсӣ дорад. Дар  Тоҷикистон  мардуми  тоҷик ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон унвони Пешвои миллатро чандин сол қабл дода буд ва ҳоло Парлумони кишвар онро ба расмият даровард.  Эмомалӣ Раҳмон шахсест, ки дар мушкилтарин давраи сарнавиштсози таърихӣ дар худ қувва, мардӣ ва ҷасорат пайдо намуда, барои халқи худ масъул шуд  ва сарварии давлати мустақили Тоҷикистонро бар уҳда гирифт». 

Тавре ки Р. Мӯсоева ба ёд овард: «23 сол пеш, мо таҳти роҳбарии Сарвари худ, Эмомалӣ Раҳмон  ба сӯи истиқлолият рӯ ниҳодем,  ояндаи   худро   офаридем, ки  ин  орзуи аҷдодону гузаштагони миллати тоҷик буд. Эмомалӣ Раҳмон меъмори сулҳ ва эҳёкунандаи давлатдории миллати тоҷик буда, бо номи ӯ ҳама  гуна пешравиҳои давлат ҳамоҳанг аст ва тамоми қарорҳои асосию стратегии муҳиме, ки дар солҳои соҳибистиқлолии давлат амалӣ гардиданд, маҳз бо шарофат ва   сарварии ин марди наҷиб роҳандозӣ шудааст. Хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани тамоми гурезагони иҷборӣ ба Ватан, муттаҳидкунии ҷамъияти пароканда, барқарории сулҳ, ҷорӣ намудани принсипҳои демократии давлатдорӣ, пойдор намудани тараққиёти иқтисодии давлат аз дастовардҳое мебошанд, ки бо шарофати Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаву имрӯз мо бо ифтихор аз онҳо ҳарф мезанем»,- гуфт Рафиқа Мӯсоева.

Ҳамчунин Рафиқа Мӯсоева аз даврони нобасомониҳои Тоҷикистон ёдовар шуда, чунин мегӯяд: «Эмомалӣ Раҳмон тайёр буд барои халқи худ ҷон фидо намояд. Дар солҳои ташаккулёбӣ ва тараққиёти давлати соҳибистиқлол Президенти кишвар худро ҳамчун  шахси мақсаддор ва дар ақидааш устувор нишон дод. 

Кофист ба ёд биорем, ки чӣ тавр соли 1996 Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар гуфтушунид бо мухолифин ба Афғонистони бесубот бе ҳеҷ гуна кафолати зинда мондан рафта буд. Ба ҷароҳатҳои бардоштааш дар суйиқасди дар шаҳри Хуҷанд рухдода нигоҳ накарда, дарзамон ба минбар баромаду бо фаъолон мулоқот намуда, боз ҳам дар бораи ба даст овардани сулҳ ва муттаҳидӣ сухан гуфт. Ӯ бевосита худ ба гӯшаҳои дурдастарини кишвар рафта, бо вазъият шахсан ошно мегардиду бо мардуми  ҷангзада мулоқот мегузаронд. Пешвои миллати мо худ аз халқ буд ва бинобар ин ҳамаи мушкилоти зиндагӣ ва ҳиссиёти халқи оддиро ба хубӣ дарк мекард». 

Ба андешаи Рафиқа Мӯсоева Пешвои миллат шахсе маҳсуб мешавад, ки дорои иродаи матин, масъулиятнок ва фидокори  халқу миллат бошад, тавре ки  Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин сифатҳоро дорост. 

Халқи тоҷик ба Пешвои миллати худ боварӣ дорад, зеро сулҳ, ризоият ва ваҳдати миллӣ, ки ҳақиқати сиёсии имрӯза аст, асосан бо шарофати иродаи сиёсӣ ва саҳми Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Дар ин замина Рафиқа Мӯсоева бо бовари комил мегӯяд, ки:  Агар таърихчиёни мустақил вазъияти Тоҷикистонро аз назар гузаронанд, ҳатман мегӯянд, ки бояд бо Тоҷикистон ва Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон фахр кард, зеро ӯ дар давраи душвортарини зиндагӣ давлатро роҳбарӣ менамуд.  

 

 

Декабрь 21, 2015 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд