Раис ваъда карду вафо не», Сифати матои давлати миллӣ, «Дӯстон дар Африқо ҳам дӯст мемонанд», «Иқра мегӯему ҳеҷ нест, ки босавод шавем», «Мо ғизо мехарем ё беморӣ» — ин ва дигар мақолаҳои чопшуда
Душанбе, 17.12.2015 (АМИТ «Ховар»). – Нашрияи расмии ҳукумати мамлакат «Ҷумҳурият» дар шумораи рақами 249 аз 15-уми декабри соли равон сафари Президент Эмомалӣ Раҳмонро ба Туркманистон ва суханронии Сарвари давлатро дар Конфронси байналмилалии «Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд» инъикос ва интишор кардааст. Эмомалӣ Раҳмон аз муқовимати муассир ба таҳдиду хатарҳои муосир сухан гуфта, таъкид намудааст, ки: «Шиддати рӯзафзун касб кардани ин таҳдиду хатарҳоро танҳо бо талошҳои дастаҷамъона метавон боздошт. Ҷиҳати дастёбӣ ба ин ҳадафҳои наҷиб мо омодаи ҳама гуна ҳамкорӣ бо шариконамон ҳастем». Ҳамчунин дар ин шумораи «Ҷумҳурият» номаи бетаҳрири сокинони шаҳри Хуҷанд бо номи «Раис ваъда карду вафо не» чоп шудааст. Дар шумораи имрӯзаи «Ҷумҳурият» таҳти рақами 251 аз 17-уми декабр мақолаи раиси КДАМ ҶТ Саймӯмин Ятимов «Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ» нашр шудааст. Муаллиф менависад: «Дар таҳдидҳои воқеӣ, таъмини амнияти миллӣ дар доираи шуури рӯзмарра аз душвортарин ва масъулиятноктарин вазифаҳост» ва хулосабарорӣ кардааст, ки «Манфиатҳои бегона дар атрофии шаклгирии шуури муқаррарӣ, вазъиятро боз ҳам мушкилтар мекунад». Дар ин мақола С. Ятимов навиштааст: «Шуури муқаррариро зарур аст ҳамчун пойдевори давлати миллӣ шинохт. Сифати матои он – сифати матои давлати миллӣ аст».
Нашрияи парлумонии «Садои мардум» шумораи рақами 171 аз 14-уми декабри соли равон дар бораи баргузор шудани ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров ва баррасӣ шудани рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯро гузориши муфассал чоп кардааст. Ҳамчунин дар ин шумора хабарҳо аз шаҳру ноҳияҳои кишвар пешкаши хонандагон шуда, шеъри Хайринисо Юсуфӣ бо номи «Дасти дуои миллат» нашр шудааст. Дар шумораи 172 аз 16-уми декабр «Садои мардум» аз баргузории ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати панҷум ва ҷараёни он гузориш чоп кардааст.
Нашрияи русзабони «Народная газета» мисли ҳафтаи гузашта дар 8 саҳифа чоп шуда, мақолаҳои «Пешвои миллат», «Дӯстон дар Африқо ҳам дӯст мемонанд», «Тоҷикистон бештари маводи мухаддири афғониро бозмедорад» ҳамчунин хабарҳои ҷолибро аз ҳаёти кишварҳои ҳамсояи Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон пешкаши хонандагон кардааст.
Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони ӯзбекӣ «Халқ овози» низ дар қатори дигар рӯзномаву ҳафтаномаҳои кишвар аз ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат мақолаҳои ҷолибро чоп кардааст. Дар шумораи навбатӣ «Халқ овози» ба муносибати қабул шудани Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» шеъри шоир Ҳасанбой Ғойибовро ба номи «Фахр» нашр карда, ҳамчунин мақолаи Фарҳодҷон Ҷӯраев — сардабири нашрияи «Суғд ҳақиқати»-и вилояти Суғдро бо номи «Пешвои миллат – эҷодкори тинҷиву амонӣ» пешкаши хонандагон намудааст. Мақолаи Искандар Маҳмадалиев «Ҳозиру нозирҳо…» дар бораи мактаббачаҳое, ки дар тўю худоиҳои мардум ҳамчун меҳмони нохонда пайдо мешаванд ва оқибатҳои ин одати бад нақл мекунад.
Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» вобаста ба тағйир ёфтани оғози дарсҳо дар мактабҳои олӣ миёни донишҷӯён назарпурсӣ анҷом дода, натиҷаи онро бо номи «Тағйири оғози дарс шуморо қонеъ мекунад?» пешкаши хонандагон кардааст. Ҳамчунин дар ин шумора оид ба фаъолият ва зиндагии журналисти шинохта, собиқ котиби масъули «Комсомоли Тоҷикистон», дорандаи Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ Муҳаммадҷон Мирзошоев, ки чанд рӯз пеш дар 67- солагӣ аз дунё гузашт, бо номи «Мавҷи дарё бурду рафт» навиштаҳои Умари Шерхон чоп шудааст.
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мақолаҳои «Тахтабанди чор дарё», «Аждаҳои хуфта», «Тоҷикону эрониён ҳарду хурофотианд» ва дигар хабарҳоро чоп карда, муҳтавои мусоҳиба бо муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзодаро бо номи «Иқра мегӯему…» ва андешаҳои равоншинос Турсуной Зокироваро бо номи «Аз дасти экстрасенсҳо ягон кор намеояд» пешкаши хонандагон намудааст.
Ҳафтаномаи «Фараж» мақолаи Набиюллоҳ Суннатиро бо сарлавҳаи «Тоҷикистон – кишвари беистеҳсол» ва мақолаи Ш. Облоқулзода «Боздошту одамрабоии марзбонони ӯзбек»-ро чоп кардааст. Ҳафтаномаи «Нигоҳ» мақолаҳои «Ишқи яктарафа», «Ҷангу газ», «Ғарбзадагӣ», «Маънии тоҷик», ««Китоби тарсӣ», дуздӣ ё ихтироот?» ва шеърҳои Афсар Сармадро ба нашр расонидааст.
Нашрияи «Миллат» аз таъсиси ваколатдори ҳуқуқи кӯдак, натиҷаҳои ташхиси марги Умаралӣ Назарови 5-моҳа дар Санкт-Петербург, муваффақияти варзишгарони тоҷик – ба даст овардани 28 медал дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё, ба Ҷоизаи байналмилалии «Симурғ» мушарраф шудани шоира Гулрухсор ва дигар навгониҳо ва воқеоти рӯйдода хабару мақолаҳо чоп кардааст.
Нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» мақолаҳои «Обмурӣ аз боғ калон», «Мо ғизо мехарем ё беморӣ», «Ғарбро шеваи истисмор аст» ва дигар матлабҳои ҷолибро пешкаши хонандагон намудааст.