Раиси Парлумони Кувайт Пешвои миллатро бар тоҷикон табрик гуфт

Декабрь 22, 2015 05:43

Душанбе, 22.12.2015. (АМИТ «Ховар» ). — Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба Давлати Кувайт ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, дар ҷаласаи Маҷлиси Уммаи Давлати Кувайт иштирок карда, дар назди 50 нафар вакилони Парлумони ин кишвар сухан гуфт.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов аз Давлати Кувайт Раиси Парлумони касбии мамлакат Шукурҷон  Зуҳуров оид ба зарурат ва аҳамияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» ибрози назар намуд.
Шукурҷон Зуҳуров аз минбари Парлумони Кувайт иброз дошт, ки дар таърихи навини халқи тоҷик Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст.
Шахсиятеро, ки дар борааш ҳарф мезанем, -гуфт Шукурҷон Зуҳуров,- ба тарғибу дастгирӣ эҳтиёҷ надорад. Андешаҳою суханҳои сулҳпарваронааш  кайҳост, ки ба дили мардуми дунё  роҳ ёфта, кору пайкори созандааш дар таърихи навини давлатдории тоҷик ба ҳайси бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳиягари пояҳои ҳуқуқии миллат, эҳёкунандаи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, зиндакунандаи номи қаҳрамонони таърихӣ, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон байни мардум маълуму машҳур гаштааст. Мардуми тоҷик Пешвои миллати худ Эмомалӣ Раҳмонро самимона дӯст медоранд ва ҳамеша ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меоранд, -гуфт дар анҷоми суханрониҳояш Шукурҷон Зуҳуров .
Раиси Парлумони касбии Тоҷикистон ҳамчунин  ба Раиси Маҷлиси Уммаи Давлати Кувайт ҷаноби Марзуқ Алӣ ал-Ғоним ва ҳайати Парлумони Маҷлиси Умма барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозиашон изҳори сипос намуда, иброз намуд, ки бароям хеле хурсандиовар аст,  ки ин лаҳза бо шумо  дар бинои Парлумон суҳбат мекунам.
Аз садоқат, самимияти тӯли ин чаҳор рӯз аз Шумо Ҷаноби Олӣ ва мақомоти муаззами роҳбарии кишвари дӯсти Кувайт дидаам, мехоҳам ҳарф бизанам. Ҳама дидору мулоқот, тавре  ки дил мехост, дар сатҳи олӣ баргузор гаштанд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб мехоҳам бори дигар шукргузории худро ба Шумо, Раиси муҳтарам барои даъвати мо ба Давлати дӯсти Кувайт иброз намоям. Муҳаббату самимияти Шумо ва ҳамкоронатон аз лаҳзаи ба хоки поки Ал-Кувайт қадам гузоштанамон то ба ин дам, дар ҳадди олии самимият буд. Мо аслан эҳсоси ғарибӣ  накардем.
Билохира, сафари расмии мо ба поён мерасад. Мо аз кишвари дӯсти Кувайт бо як ҷаҳон таассурот ба Тоҷикистон бармегардем. Чеҳраҳои бозу ҳарфҳои пур аз меҳру садоқати Шумо ва мардуми воқеан меҳмоннавози Кувайтро бо худ ҳадя мебарем.
Ман бар он боварам, ки ин сафар дар китоби дӯстӣ ва густариши ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоямон саҳифаи наву тобнок боз мекунад.
Ба Шумо, Раиси муҳтарам ва ҳамкоронатон тавфиқ ва ба халқи дӯсту бародари Кувайт саодату сафо мехоҳам.
Дар анҷоми мулоқоту вохӯриҳо бо вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Раиси Маҷлиси Уммаи Давлати Кувайт ҷаноби Марзуқ Алӣ ал-Ғоним қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» ро барои мардуми Тоҷикистон падидаи хубе номида, аз номи худ ва Парлумони Кувайт ба мардуми Тоҷикистон табрику муборакбод гуфт. 
Раиси Маҷлиси Уммаи Давлати Кувайт Марзуқ Алӣ ал-Ғоним иброз намуд, ки  дар Давлати Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро  ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар Ховари Миёна хеле машҳур аст, мешиносанд. Мардуми дунё бояд аз Шумо тоҷикон қадрдонию ба ҷо овардани эҳтироми сарварашон -Пешвои миллатро омӯзанд. На ба ҳар сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ин обрӯ муяссар мегардад. Ҳамчунин на ба ҳама сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ва президентон муяссар мегардад, ки бузургтарин неъмат — умед ба зиндагии осоиштаро дар дили мардумаш ҳифз карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳад. Мо бори дигар Шумо, Шукурҷон Зуҳурови муҳтарам ва дар шахсияти Шумо тамоми мардуми Тоҷикистонро бо ин падидаи нек табрик мегӯем, -гуфт дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси Уммаи Давлати Кувайт ҷаноби Марзуқ Алӣ ал-Ғоним.
Бо ҳамин сафари кории ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров аз Давлати Кувайт ба анҷом расид. 
 

Декабрь 22, 2015 05:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад