Раиси Парлумони Тоҷикистон: Ӯ халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз фурӯпошӣ наҷот додааст
Душанбе, 09.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар ҷаласаи навбатии Парлумон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» қабул гардид. Зимни муҳокимарониҳо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров чунин гуфт: Мо худ мефахмем, ки дар шароити кунунӣ дӯстону душманон ба иқдоми пешгирифтаи мо назарҳои мухталиф доранд, ки ин як амри табиист. Муҳим он аст, ки мо бояд дуруст дарк намоем, ки ин қонун на ба хотири шахсият аст. Эмомалӣ Раҳмон воқеан барои халқ ва миллати мо хизматҳои бузурги таърихӣ карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз фурӯпошӣ наҷот додааст. Таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ пояҳои давлатдорӣ, заминаҳои низоми ҳуқуқӣ, нахустин Конститутсияи халқӣ қабул шуданд. Эҳёи арзишҳои динӣ ва миллӣ оғоз гардида, кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, истиқлолияти озуқаворӣ таъмин гашта, роҳи давлатдории Тоҷикистон ба сӯи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ,иҷтимоӣ- дунявӣ ва ягона шуруъ гардидаст. Ба андешаи Шукурҷон Зуҳуров Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҳама унвону ҷоизаҳо эҳтиёҷ надорад, балки мардуми Тоҷикистон ба ҳифзи ин дастовардҳо эҳтиёҷ дошта, тақдири ояндаи давлати мо ба ҳифзи таърихии ин роҳи ормонии шурӯъгардида зарурат пайдо кардааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






