Рашт: бунёди пуле, ки ду деҳаро бо ҳам мепайвандад
Рашт, 22.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар деҳаи Ярхаби ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт барои пайвастани деҳаи Ярхаб бо деҳаи Белгӣ сохтмони пули азими мошингузар ҷараён дорад. Дарозии пул 680 метр буда, онро Вазорати нақтиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунад. Сохтмончиёни пул аз фурсати кам гардидани оби дарёи Сурхоб дар фасли зимистон истифода намуда, то имрӯз 268 метри пули мазкурро сохтаанд.
Инчунин дар ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳия бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Рашт ва бо тариқи ҳашари дастаҷамъии мардум бунёди пули мошингузар бо дарозии нуҳ метр дар арафаи анҷомёбист.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






