Ректори ДДХ академики Академияи муҳандисӣ интихоб шуд

Декабрь 18, 2015 03:13

Хуҷанд, 18.12. 2015. (АМИТ «Ховар). — Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудов академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
       Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз раёсати донишгоҳ иттилоъ доданд, дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-и пойтахт ҷамъомади солонаи Академияи  муҳандисии кишвар, ки дар самти комёбиҳои илми дақиқ ва рушди истеҳсолоти соҳаҳои гуногуни мамлакат фаъолият мебарад, баргузор гардид, ки дар он  Лутфулло Саидмуродов Президенти нави академияи муҳандисии ҶТ интихоб шудааст. 
       Анвар Мақсудов барои ихтирои 29 усули барномасози компутерӣ дар соҳаи моариф ва дигар истеҳсолоти хоҷагии халқ  ба ин унвони баланд соҳиб гардида,  инчунин чанд моҳ пеш барои ҷорӣ намудани ислоҳот  ва ба яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии пешрафтаи кишовар табдил ёфтани донишгоҳ ӯ бо медали тиллоӣ «Барои ҷорӣ намудани навгониҳо дар соҳаи маълумоти олӣ»-и Академияи илмҳои табиии Федератсияи Русия қадршиносӣ шудааст.
     Бояд зикр намуд, ки Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши Академияи муҳандисии ҷаҳонӣ эътироф гардида, бо ин ниҳоди байналхалқӣ ҳамкории доимӣ ба роҳ мондааст.

 

Декабрь 18, 2015 03:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад