Русия барои поён додани бӯҳрони муносибатҳояш бо Туркия се шарт гузоштааст

Декабрь 15, 2015 05:04

Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар) —  Андрей Карлов, сафири Русия дар Туркия  14-уми  декабр эълон намудааст, ки   Ҳукумати Русия барои раҳоӣ аз бӯҳрони муносибатҳо бо Туркия баъди аз  ҷониби Туркия сарозер кардани ҳавопаймои низомии СУ-24 се шарт гузоштааст.
Карлов дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Ҷумҳурият»-и  Туркия гуфт: Шарти нахуст  узрхоҳии  ҷониби Ҳукумати Туркия барои сарозер кардани  ҳавопаймои низомии  Русия аст, ки  24-уми ноябр рух дод.
Сафир афзуд, ки дар ҳолати дуюм-  ин пайдо кардани гунаҳкорон ва ба маҳкама кашидани онҳо мебошад.
Шарти охир ин аст, ки Туркия бояд дар ивази зарари  овардаи худ бар асари ин фоҷиа ба Русия ҷубронпулӣ  пардохт намояд.
Гуфта мешавад, ки раиси ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон то ҳол барои ҳодисаи  суқути ҳавопаймои низомии Русия  узрхоҳӣ накардааст. Ва ин дар ҳолест, ки  Аҳмад  Довудуғлу, нахуствазири Туркия таъкид кардааст, ки  Туркия ҳаргиз бахшиш нахоҳад пурсид,  зеро ки ин ҳодиса  ба хотири ҳифзи ҳудуди кишвар рух додааст.

Декабрь 15, 2015 05:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд