Саҳми кормандони ғайриштатии милитсия дар мубориза бо қонуншиканӣ
Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар) — Дар толори Воҳиди махсуси ВКД оид ба таъмини бехатарии Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр чорабинии мақсаднок бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии Воҳиди махсус ва кормандони ғайриштатӣ доир гардида, сардор оид ба кор бо ҳайати шахсии Воҳиди махсуси ВКД Ширинбекзода Сарабек зикр кард, ки барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба шаҳрвандон такя намоянд.
Дар тақвияти ин гуфтаҳо сардори Воҳиди махсуси ВКД Ҳамидзода Бароталӣ гуфт, ки кормандони ғайриштатӣ бояд ҳамкориро бо мардум бештар ба роҳ монда, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо қонуншиканиҳо фаъолона иштирок намоянд.
Ҳамчунин номбурда 18 корманди ғайриштатиро барои саҳми арзанда ва ҳамкории бевосита бо кормандони Воҳиди махсус бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






