Садамаи нақлиётӣ: Як нафар ҳалок ва як нафар бистарӣ гардид
Душанбе, 10.12.2015. (АМИТ «Ховар) —9 декабри соли равон, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, сокини 31-солаи ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ленини шаҳри Хуҷанд, дар рӯ ба рӯи меҳмонхонаи “Эҳсон” аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба симчӯби канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва мусофири мошини мазкур, сокини 31-солаи ноҳияи Б.Ғафуров ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз, ронандаи мошини номаълум ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Душанбе ба тарафи ноҳияи Қубодиён, дар ҳудуди деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагард, сокини 28-солаи деҳаи Меҳнатободро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, сокини 31-солаи ноҳияи Қубодиён дастгир шуд. Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






