Саидбурҳони Саидраҳмон: «Мардуми шарафманди Дарвоз пешниҳод намуда буданд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон унвони «Пешвои миллат» дода шавад»
Душанбе, 18.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз вобаста ба қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» андешаҳояшро чунин баён кард: «Дар ҳама давру замонҳо дар олами фарҳангу тамаддуни башарият ашхосе қадам ба арсаи ҳастӣ мегузоранд, ки бо фикру андешаҳои олимона, пиндору кирдору гуфтори нек, ҷаҳонбиниву диди хирадмандонаву дурандешона, бо маърифати комилу беқиёс дар дилу дидаи хурду бузург ва кулли фарзандони инсоният ҷой мегиранд.
Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми тоҷик аст, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардум ва хизмату ҷоннисориҳои фарзонафарзанди миллат-Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст. Ҳифзи истиқлолият аз хатари нестшавӣ, қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба ваҳдати миллӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ба номи Сарвари муаззами кишвар иртибот дорад.
Мардуми Дарвоз аз рӯзҳои интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба сифати роҳбари аввали сиёсии кишвар бе риё ва тақаллубкорӣ дастгири сиёсати пешгирифтааш буданд ва имрӯз ҳам ҷонибдорӣ аз он мекунанд ва ӯро ҳидоятгари некӣ, кушояндаи роҳҳои нави тақдирсоз ва дӯстдори халқу ҳамдами роз медонанд.
Эмомалӣ Раҳмон — Президенти мамлакат барои мардуми Дарвоз азизу муҳтарам аст ва мардум ба ин шахсияти таърихӣ муҳаббати хосса доранд. Ҳар ташрифи Ҷаноби Олӣ ба ноҳияи мо ҷашн аст ва дар рӯзҳои ташрифи Президенти кишвар мардуми шарафманди Дарвоз пешниҳод намуда буданд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон унвони «Пешвои миллат» дода шавад.
Мо хурсандем, ки Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва ин санади муҳиму зарурист, ки онро тамоми сокинони кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон дастгирӣ менамоянд.
Имрӯз тоҷикони тамоми дунё дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳомӣ ва пуштибонеро мебинанд, ки чароғи хомӯшгаштаи дирӯзро даргиронду баҳри ояндаи равшан талош дорад. Дар ҳама давру замонҳо мардуми одӣ орзу доштанд, ки пешвояшон хирадманду халқпарвар бошад. Ин хислатҳо бешак хоси Эмомалӣ Раҳмонанд. Арҷгузорӣ ва эҳтиром ба Президент — ин эҳтиром ба халқу Ватан аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






