Салафия ва ҳадафҳои нопоки он

Декабрь 2, 2015 10:08

Душанбе, 02.12.2015. (АМИТ «Ховар) — Дини мубини ислом поктарин ва назокаттарин дин ба ҳисоб меравад он дине, ки Худованд барои бандаҳояш баргузидааст то Ӯро аз хилоли таълимоти ин дини бузург ибодат намоянд. Дини ислом дини раҳмат ва шафқату меҳрубонӣ мебошад ва дар ин дин ҳеҷ шикасте ворид нахоҳад шуд, магар бо ёрӣ ва ҷаҳлу нодонии худи диндорон. Бино бар ин қобили таассуф аст, ки аз байни мусалмонон ва соҳибони ин дин гурӯҳе ва мазоҳибе дар миёни мусалмонон рушд кардааст, ки боиси бадбахтӣ ва нороҳатии ҷомеаи ислом ва олам гардидааст. 
Имрӯзҳо чунонки ҳодисаҳои охири ҷаҳон шоҳидӣ медиҳанд, бузургтарин хатар бар болои дини Ислом ва мусалмонон ин равияи Салафия ва Ваҳҳобия ба шумор меравад. Агар мо назари амиқ ба таърихи ислом андозем, Салафия ва Ваҳобия як равияи тундрави “маъруфу” “машҳур” мебошад, вале чаро тағйири ном мекунанд, дар давоми ҳар як аср чун мавриди шикаст қарор мегиранд, аз ҷониби мардони оқил ва ҳомиёни шариати ислом. 
Қобили зикр аст, ки салафиён бузургтарин муасисаҳои хайриявиро дар зери тасарруф доранд, аз ҷумла он муасиссаҳое, ки барои бино намудани масоҷид, тайёр намудани воъизон, омодасозии “ҷиҳодиён” ва таблиғгарони мазҳаби салафия фаъолият мекунанд. Дар ҳар куҷое, ки аз ҷониби салафиҳо иншоот ва дигар намуди хайрия ҳамчун кумак расонида мешавад, ҳатман бояд аз сарчашмаҳои ва таълимоти онҳо. Танҳо ба эмомҳое, ки ҳомили идеалогияи онҳост, иҷозаи хутба ё таълим дода мешавад. Дар сурати иҷро нагардидани талаботи мазкур дарҳол фаъолияти он муасиссаҳо қатъ мегардад. 
Усули паҳн намудани идеалогияи салафиҳо
1- Паҳн намудани таблиғгарони салафия, ки  ба ду қисм тақсим мешаванд;
Қисми аввал, хатибони масҷидҳое, ки дар мадрасаҳои салафия таълим ва тарбия гирифтаанд. Дар муқобили таблиғ ба онҳо маоши моҳона ва мукофотҳои “муносиб” пешниҳод мегардад, то ҳадафҳои ин гурӯҳро бидуни тардид ба ҷой оваранд, албатта ин хатибон ё даъватгарон комилан барои ин вазифаро ба ӯҳда гирифтанашон омода гардидаанд.
Қисми дувум, хатмкунандагони донишгоҳҳои равияи салафия, ин қисм “донишмандон” комилан вазифаи қисми аввалро иҷро мекунанд, лекин бо шакли илмӣ, ҳамон китобҳоеро паҳн мекунанд ва таълим медиҳанд, ки дорои фикри Ваҳобия ва Салафия мебошанд.
2-Ҷамъиятҳои хайриявӣ ва таълимӣ дар минтақаҳои гуногун, вале бисёр моҳирона фаъолият намуда, ҳаргиз он номҳои ҷамъиятҳоро бо номи салафия машҳур намесозанд, то ба ташкил додани ҳизби исломӣ муттаҳам нашаванд, аммо ин равия худ як ҳизби хатарноктарин ба ҳисоб меравад, чун аз дурӣ ва пинҳонӣ идора карда мешавад. Салафиҳо ҳадафҳои муғризона дар нақша доранд, дар паси пардаи даъвои аҳли суннат буданашон, ба баҳонаи мардумро ба сӯи Қуръону суннати Паёмбари гиромӣ Муҳаммад (с) карданашон,  ҳамчунин онҳо бар онанд, ки пешбарандаи дини мубини Ислом дар ҷаҳон мебошанд. 
3-Нашри китобҳо ва рисолаҳое, ки тарафдори идеалогияи ин равия мебошанд. Он китобҳое, ки аз таълифоти донишмандони аршади онҳо ба шумор мераванд. Пӯшида нест, ки ҳар китобе аз ҷониби онҳо бояд нашр шавад, таҳқиқ  мешавад, таҳқиқ аз тарафи касоне мешавад, ки маблағҳои зиёде ба даст меоранду тибқи хоҳиши ин равия таҳқиқот менамоянд. Ногуфта намонад, ки дар ҳар ҷое, ки ақидаи салафия паҳн шудааст, дар он ҷо донишмандони хешро доранд, ки барои паҳн намудани идеалогияи ин равияи тундгаро хизмат мерасонанд.
4-Тарҷумаи китобҳои эмомон ва донишмандони “барҷастаашон” ба забонҳои гуногун. 
Ба монанди китобҳои Ибни Таймия, Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, Ибни Қаюми Ал-ҷавзия, Ибни Абилъизи Алҳанафӣ, қобили зикр аст, ки Ибни Абилъизи Ҳанафӣ ин шахс аслан ҳанафӣ нест, зеро  ки дар ҳамон давра олимони мазҳаби ҳанафӣ шадидан рад ва инкораш кардаанд. Аъзои тунгарои салафия тамоми китобҳои машҳурашонро ба забонҳои гуногун тарҷума намуда, дар олам паҳн менамоянд, аз ҷумла ба забони англисӣ, фаронсавӣ, ҳиндӣ ва дигар забонҳо тарҷума намуда, ба таври ройгон ба мардум пешниҳод менамоянд, сарфи назар аз паҳн намудани сидиҳои пластикие, ки дар он ақида ва афкори мазҳабашон бо тафсил зикр шудааст ва инчунин торнамоҳои хос ва машҳури хешро доранд, ки тамоми ҳаводорони онҳо метавонанд эҳтиёҷот ё фатвоҳои диниро ба осони дастрас намоянд.
5-  Ҷой намудани ашхоси зархарид дар вазифаҳои давлатӣ ва хусусӣ хоҳ мансаби динӣ бошад, хоҳ ғайридинӣ, дар ин сурат метавонанд ҳар мушкилоте пеш омад, ба осонӣ аз тариқи онҳо ҳал намоянд. Ҳодисаҳои охир бори дигар тасдиқ мекунанд, ки равияи тундгарои салафия дар тамоми соҳаҳои ҳукуматҳои кишвар шахсони алоҳидаи худро ҷойгир кардаанд.  
6-Муасиссаҳои таълимӣ аз ҷумла донишгоҳҳо, академияҳо ва мактабҳои расмӣ барои ба осонӣ паҳн намудани идеалонигияи салафия.
7-Ташкил намудани шабакаҳои телевизионӣ, радио, рӯзномаҳо, торнамоҳои интернетӣ ва маҷаллаҳо. Тавре мо шоҳиди ҳол ҳастем, онҳо ҳар ақидаҳои ифротиашонро бисёртар аз тариқи воситаҳои номбурда, ба осонӣ паҳн менамоянд.
           Номҳои баъзе аз ташкилот ва ҳизбҳои Салафия 
1-Яке аз бузургтарин маркази мададрасонии тамоми салафиҳо дар олам ин (Ҳайату Албуҳус ва ад-даъва вал-иршод) Ҳайати илмии даъватӣ ва иршодӣ мебошад, ки бузургтарин сармояи дохиливу хориҷии салафиро дар ихтиёр дорад, метавонад ба танҳоӣ бузургтарин муассисаҳо ва масоҷиди пешрафта бунёд намояд. Ба гуфтаи соҳибназарон ин маркази ба ном хайриявӣ ба омода намудани “ҷиҳодиён” низ машғул мебошад.
2-Робитаи “Олами Исломӣ”, бузургтарин муассисса барои таъмин намудани китобҳо. Нашриёти “Олами исломӣ” теъдоди зиёди китобҳои равияи салафияро ба нашр расонида, ройгон паҳн менамояд. Бояд гуфт, ки танҳо дар соли 2013 ба мабағи 1,5 миллиард доллари амрикоӣ китобҳои салафиро нашр ва ройгон паҳн намудааст.
 3-Ҳизби Адолат дар Индонезия.    
4-Ҷамъияти Муқбил ибни Ҳодӣ дар Яман.
    5-Ҷамъияти Салафия дар Алҷазоир.
6-Ҳизби Нур дар Миср.     
Инчунин дар Покистон ва Ҳиндустон макотиб ва масоҷиду муассисаҳои Салафия ифтитоҳ шудааст.
Дар ҳақиқат дар давоми асри гузашта тамоми мусалмонон дар ғафлат буданд аз ҳаракат ва ошӯбҳои равияи салафия ва онҳо он замон ва дар айёми мо тавонистанд, ки тамоми тадобири андешидаро роҳандозӣ кунанд, дур аз маърифати аксарияти Донишмандони исломӣ. Мутаассифона мо имрӯз дар олам заҳри талхи чакондаи онҳоро мечашем, барои ҳар як давлат ва кишвар воҷиб аст, ки бо воситаи донишмандони забардаст ва қувваи мутакомил садди роҳи ин вабо шавад, балки воҷиб аст бар ҳар як мусалмон, новобаста аз кӣ буданаш дар ҷомеъа, танҳо барои оромӣ ва осудагии ҳар як кишвар талош кунад.
Мо ҳама шоҳиди онем, ки дар сарзамини Араб, ки манбаъ ва маншаи ин гурӯҳҳо буд, чӣ ҳодисаҳои нохуше рух дода истодааст. Ҳеҷ миллату ватандор намехоҳад, ватанаш ба монанди сарзамини Ироқу Сурия ба хоку хун кашида шавад, ин ҳама бедодгарӣ аз номи дин сурат гирифта истодааст, дар ҳоле, ки дини Ислом пок аз он авбошҳо мебошад, агар имрӯз саъю кӯшиш ба харҷ надиҳем барои пеши роҳи ин гурӯҳҳоро гирифтан, фардо ба ҳоли худ хоҳем гирист ва дигаронро ҳам гирён хоҳем кард. 
Имрӯзҳо дар рӯйи замин, хосатан дар сарзамини кишварҳои арабӣ, чӣ бадбахтиҳо шуда истодааст, дар паси он гурӯҳҳо ҳамин ифротгарон пинҳон мебошанд, бино бар ин хоҳиш карда мешавад аз тамоми ҳукуматҳо, ки бо тамоми қувва ва қудраташон пеши роҳи ин вабои асрро бигиранд, то мардуми Худо дар сарзамини Худо оромона умр ба сар баранд. 

Муҳаммадрасули ҳанафӣ
магистри факултаи усули дини Донишгоҳи Азҳар 

Декабрь 2, 2015 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад