Сазад гар ба давраш бинозам мудом
Душанбе, 12.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Гӯянд, ки агар Худованд ба мардуми кишваре раҳмат кунад, он кишварро пешвое некӯ фиристад ва кулли мардуми он сарзамин ба сабаби роҳнамоии ин пешво ҳама мушкилотро ба осонӣ паси сар намуда, саодатманду бахтиёр гарданд. Бешак, раҳмати Худованд буд, ки дар оғози солҳои навадуми қарни гузашта, замоне, ки мардуми кишвари тозаистиқлол рӯзҳои сангин ва даҳшатборро бар сар дошт ва ҷангу низоъҳои бераҳмонаи бародаркуш боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии кишвар ва ҳастии миллати куҳанбунёди мо таҳдид менамуд, барои наҷоти ин миллату кишвари саргуму парешонрӯзгор яке аз фарзандони фарзонаи миллат- Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси пешво ва роҳнамо баргузид.
19 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва шурӯъ аз ҳамон замон бо донишу хиради беназир ва матонату ҷасорати бемисл барои аз вартаи ҳалокат берун намудани кишвар, сарҷамъ сохтани мардуми парешонгашта, ба ватан бозхондани ҳазорон мардуми рӯ ба ғурбат оварда, оштӣ додани қувваҳои ба ҳам зид, таъмини сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ саъю талош намуд. Маҳз дар ҳамин иҷлосия нахустин қадам барои таъмини сулҳу субот байни қувваҳои мухолиф гузошта шуд.
Сарвари нави тоҷикон- Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияти хеш ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри сохтани ҷумҳурии якпорча ва тақсимнопазир, давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва дунявӣ тамоми донишу хиради хешро сарф намуд. Баёни он ҳама талошу кӯшиш, заҳматҳои сангин, фаъолияти шабонарӯзии пешвои фарзонаи тоҷикон- Эмомалӣ Раҳмон ҷилд-ҷилд китоб мехоҳад ва дар чанд сафҳа зикр намудани он ҳама амри муҳол ва кӯшиши беҳуда мебошад.
Сиёсати пешанамудаи ин марди шариф, пешво ва имоми миллат, ҳодӣ ва муршиди комили худодод- Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияташ ӯро пиру барнои кишвар ҳамчун наҷотбахши худ шинохтанд ва бо бовари комил тақдири минбаъдаи худро ба дасти ӯ супурданд.
Ин пешвои миллат бо ҳарфҳои пур аз сӯзу гудоз ва нияти амалҳои хайри худ ба дилҳои шикастаи мардуми кишвар дигарбора тухми умед кишт.
Яке аз сабабҳои аз байн рафтани ҷангу низоъ ва таъмини сулҳу оштӣ дар кишвар шояд баста ба он буд, ки Сарвари кишвар- Эмомалӣ Раҳмон ба ақлу хирад, ҷасорату мардонагӣ, нерую тавони халқи азизи худ бовар кард ва аз ҳар як фарди кишвар даъват намуд, ки баҳри таъмини сулҳ ва осудагии ин кишвар саъй намояд ва бетарафиро пеша насозад. Шоҳиди ин ҳарф муроҷиатномаи Пешвои кишвар- Эмомалӣ Раҳмон ба халқи шарифи Тоҷикистон аст, ки 8-уми декабри соли 1992 ирсол намуда буд. Ин ҳодии беназир ва фарзонаву хирадманд дар муроҷиатномаи худ ба ҳар як фарди ҷомеа рӯ оварда гуфт:
«Падарону модарони меҳрубон ва хоҳару додарони гиромӣ! Халқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷианоктарин давраҳои таърихиро аз сар гузаронида истодааст. Ҳақиқат талх аст, вале мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллат гаштанд.
Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони баруманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам.
Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар як хона ва ҳар як оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…» (Шарифзода А., Фаттоев С. Эмомалӣ Раҳмон- наҷотбахши миллат. -Душанбе: «Ирфон». -2011, саҳ. 39).
Шукри беадад, ки имрӯз он ҳама талошу кӯшишҳои бардавоми Сарвари кишвар — Эмомалӣ Раҳмон бор дод ва дар кишвари мо сулҳи пойдор рӯи кор омад. Ҳоло истиқлолияти миллии кишвари моро беш аз 150 мамлакати пешрафтаи ҷаҳон шинохта ва Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо: сиёсат, илму фарҳанг, иқтисод ва ғ. ба дастовардҳои баланд соҳиб гардид.
Бояд қоил шуд, ки ин ҳама сулҳу субот ва рушду тараққиёти кишвар маҳз ба сабаби роҳнамоӣ ва сиёсати хирадмандонаи ин марди шарифу фарзона, муршиди роҳи ҳақиқат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад. Сарвари кишвар борҳо дар ҷаласаҳои бузург васфи ин мардум мекунад ва хидмати ҳар як фарди фарзонаи миллатро бо мукофотҳои баланд қадр месозад, ин ҳама пешрафту тараққиётро баста ба фаъолияти мардуми шарифи кишвар медонад ва ҳеч гоҳ аз хидматҳои пайвастаи худ, ки дар қиёс бо амалҳои дигарон садчандон бештар ва шоистаи қадру шинохт аст, ёд намесозад. Ин амал ва расму одоб худ баёнгари адлу инсоф, тавозуъ ва фарҳанги баланди Президенти кишвар- Эмомалӣ Раҳмон аст, ки на танҳо мардуми бофарҳанги ин кишвар, балки аксари сарони кишварҳои ҷаҳон бар он қоил шудаанд.
Инсофан бояд эътироф кард, ки Сарвари давлат- Эмомалӣ Раҳмон бештар аз аксари падару модарон ғами фарзандони миллатро мехӯрад ва зиёдтар аз аксари фарзандон ба падару модарони онон дасти раҳмат дароз мекунад, пайваста дастгиру меҳрубони пирони солхӯрда, нодору барҷомондагон, маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор аст, барои пирони танҳои кишвар ҳамчун фарзанди ҷонӣ ва баҳри кӯдакону наврасони ятиму бепарастор ба мисли падар ғамхорию бахшоиш мекунад.
Сазад гар ба давраш бинозам чунон,
Ки сайид ба даврони Нӯшинравон.
(Шайх Саъдӣ)
Бидуни тардид, шахсияте комил, оқилу фарзона, сиёсатмадору ҳодие чун Президенти кишвар — Эмомалӣ Раҳмон заррае ниёз ба тавсифу ситоиш надорад, аммо ба андешаи мо, ҳар фарди солимфикру соҳибфарҳанг ва шокир, ки қадри неъмат мешиносад, бояд аз саъю талош ва хидматҳои беназиру холисонаи ин фарзанди худодод, сулҳофарин ва наҷотбахши миллат пайваста ёд кунад, ба қадри заҳмат ва бахшоишу меҳрабониҳои ӯ бирасад ва фармудаҳои ӯро ба ҷон қабул ва адо созад, зеро маҳз ӯ метавонад ғами мо бештар аз мо бихӯрад.
Мо додани унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пурра ҷонибдорӣ мекунем ва умед бар он дорем, ки ин Сарвари фарҳангпаноҳ, маорифпарвар ва наҷотбахши миллат аз ҷониби умум ҳамчун пешвои миллат эътироф карда мешавад.
Дар ниҳояти калом аз забони шайх Саъдӣ дар васфи ин пешво ва наҷотбахши миллат мегӯем:
Дар айёми адли ту, эй шаҳриёр,
Надорад шикоят кас аз рӯзгор.
Ба аҳди ту мебинам ороми халқ,
Пас аз ту надонам саранҷоми халқ…
Мулук ар накӯномӣ андӯхтанд,
Зи пешинагон сират омӯхтанд.
Ту дар сирати подшоҳии хеш,
Сабақ бурдӣ аз подшоҳони пеш…
Фурӯ мондам аз шукри чандин карам,
Ҳамон беҳ, ки дасти дуо густарам.
Ҷаҳонат ба кому фалак ёр бод,
Ҷаҳонофаринат нигаҳдор бод.
Ҳалимҷон Зоиров- номзади илмҳои филологӣ, дотсент,
директори китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров