Семинари минтақавӣ дар Вазорати фарҳанг
Душанбе, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- 2 декабр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мудирони шуъба ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ семинари минтақавӣ доир гардид.
Тавре ки аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд, дар семинар масъалаҳои ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ намудани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, лоиҳаи «Барномаи рушди муассисаҳои фарҳангӣ барои солҳои 2016-2020», тарзи дуруст пешниҳод намудани ҳисоботи хаттӣ, оморӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар муассисаҳои фарҳангӣ матраҳ гардид.
Дар семинар сардори шуъбаи рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии вазорат Қурбон Ғуломзода ва сармутахассиси раёсати мазкур Нуралӣ Мирзоалиев сухан гуфтанд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






