Шӯрои амнияти СММ қатънома дар бораи мубориза бар зидди маблағгузории террористонро қабул кард
Душанбе, 18.12.2015 (АМИТ «Ховар») .-Шӯрои амнияти СММ рӯзи панҷшанбе якдилона дар бораи мубориза бар зидди маблағгузории терроризм ва таҳримҳо бар зидди созмони террористии «Давлати исломӣ» қатънома қабул кард.
Қатънома аз ҷониби Амрико ва Русия дар якҷоягӣ омода шуда, таҳримҳоеро, ки чанд сол боз бар зидди гурӯҳи террористти «Ал-Қоида» амал мекарданд, ба муқобили «Давлати исломӣ» вусъат медиҳанд.
Ин ҳуҷҷат барои бастани маҷрои маблағгузориҳои хориҷие, ки боиси дастрас гардидани дороиҳо, аз ҷумла даромад аз қочоқи нафт ва фурӯши арзишҳои таърихӣ ба террористони «ДИ» мешаванд, пешбинӣ шудааст.
Бино ба иттилои ВАО, ки қаблан матни қатъномаро дастрас карда буданд, нисбат ба шахс, гурӯҳи шахсон ё ташкилоти ба «Давлати исломӣ» таҳримҳои СММ амалӣ мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






