Шӯрои Амнияти СММ тавофуқотро дар бораи таъсиси ҳукумати ягонаи Либия ҷонибдорӣ кард
Душанбе, 24.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Ҳафтаи сипаришуда Шӯрои Амнияти СММ тавофуқотро дар бораи ташаккули Ҳукумати ваҳдати миллии Либия, ки аз ҷониби мухолифони Парлумон ба даст омадаст, тасдиқ намуд. Қарори дахлдор аз ҷониби понздаҳ нафар аъзои Шӯрои Амнияти СММ якдилона қабул гардид, хабар медиҳад РИА Новости.
17 декабр вакилони ҳарду маркази ҳокимияти рақобаткунандаи Либия шартномаро дар мавриди таъсис додани ҳукумати ваҳдати миллӣ ба имзо расонданд. Маросими баимзорасии тавофуқот бо миёнаравии СММ дар Марокаш баргузор гашт.
Санад ба ташкили Шӯрои роҳбарикунанда даъват мекунад. Ба он бояд нӯҳ нафаре ворид шаванд, ки ҳукуматро дар асоси Палатаи намояндагони маркази ҳокимият дар Тобрук ва мақомоти машваратӣ дар асоси Шӯрои давлатии он ташкил мекунанд. Эълони ҳайати ҳукумати нав моҳи январи соли 2016 баргузор хоҳад гашт.
Баъд аз сарнагун сохтани роҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ дар соли 2011 дар кишвар ду ҳукумат амал мекунад — ҳукумати демократии аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътирофшуда дар Тобрук ва ҳукумати исломӣ дар Тароблус (Триполи).








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






